Сураи Сод Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 48

وَاذۡكُرۡ اِسۡمٰعِيۡلَ وَ الۡيَسَعَ وَذَا الۡكِفۡلِ‌ؕ وَكُلٌّ مِّنَ الۡاَخۡيَارِؕ ٤٨

Вазкур Исмаъӣла ва-л Ясаъа ва залкифли ва куллу-м мина-л-ахйар. 48.

48. Ба ёд ор Исмоъил ва ал-Ясаъ ва Зулкифлро, ки ҳар якеи онҳо аз ҷумлаи некон буданд.

Аллоҳтаъоло ба Расулуллоҳ (с) мефармояд, ки ай Ҳабибам (с), сабру таҳаммуле, ки Исмоъилу Алясаъ ва Залкифл (а) дар баробари изову зулми Қавму душманони худ доштанд, ба ёд ору ту ҳам дар роҳи ризои Алоҳ дар сабру бардошт ба инҳо иқтидо кун.

Иншоаллоҳ, ин ҳама аз сӯи Аллоҳтаъоло ба ҳазрати Муҳаммад, (аз мо ҳазор салавот бар ӯ) як тасаллӣ ва барои ояндаи ӯ (с) чуноне, ки ояти зер мефармояд, муждаи хуб аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)