Сураи Сод Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 66

رَبُّ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا الۡعَزِيۡزُ الۡغَفَّارُ‏ ٦٦

Раббу-с самавати ва-л-арЗи ва ма байнаҳума-л-Ъазӣзу-л-Ғаффар. 66.

66. Парвардигори осмонҳо ва Замин ва он чӣ байни онҳост, (Ӯ) ғолибу омурзгор аст».

Ай Муҳаммад (с), ба ҷамоаи мушрикҳо бигӯ, ки вазифаи ман пайғамбарист. Ин аз сӯи Аллоҳтаъоло ба ман амр, шудааст. Ман бояд аз он чи дар пеш истодаасту он ҳатман ба вуқӯъ омаданист, шуморо хабару бим бидиҳам. Агар шумо ба ҳарфи ман бовар накунед, ба азоби сахт гирифтор хоҳед шуд. Ҳар он чи ба шумо мегӯям, ҳама ҳаққасту рост ва ман ҳаргиз соҳиру шоиру коҳин нестам. Инро бояд бидонед, ки барои шумо ва тамоми махлуқоту мавҷудот ба ҷуз Аллоҳи ягонаи Қаҳҳор дигар маъбуди барҳаққе нест!

Тавоноии Ӯро ҳеч чиз баробар шуда наметавонад. Ӯ Парвардигори тамоми осмонҳо ва замин ва тамоми мавҷудоти дар ин ду буда аст. Ҳар он чӣ дар миёни ин ду аз аҷоибу ғароиб вуҷуд дорад, он ҳама офаридаи Ӯст. Ҳамаи онҳо дар тасарруфи Ӯ Қарор доранд. То ҳар замоне хоҳад, онҳоро Қоиму боқӣ медорад ва ҳар вақто ки хоҳад, онҳоро харобу фано месозад. Ӯ чунон ғолиб аст, ки ҳеҷ чизе Парвардигорро дар тасарруфи махлуқоти худ халал расонида наметавонад. Албатта, Ӯ омурзгор аст ва бахшишу афви Вайро ҳадде нест. Агар Ӯ махлуқи худро ба Қаҳр гирад, ҳеҷ кас натавонад, ки ҷон ба саломат барад. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)