Сураи Сод Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 74

اِلَّاۤ اِبۡلِيۡسَؕ اِسۡتَكۡبَرَ وَكَانَ مِنَ الۡكٰفِرِيۡنَ ٧٤

Илла Иблӣсастакбара ва кана мина-л-кафирӣн. 74.

74. Магар Иблис такаббурӣ кард ва аз кофирон гашт.

Қиссаи Одам (а) ва Иблис дар сураҳои «Бақара», «Аъроф», «Ҳиҷр», «Каҳф» ба тафсил омадааст, ин ҷо ба мухтасар овардани он иктифо намудем.

Аллоҳтаъоло ба малоик эълом кард, ки Ман махлуқи наверо ба олами ҳастӣ меорам, пас шумо бинобар амри Ман ӯро саҷда кунед. Чун Одам (а) офарида шуд, аз рӯи иҷрои амри Ӯ таъоло ҳамаи малоик сарро ба саҷда ниҳоданд, магар Иблис (шайтон), ки саҷда накарду аз ҷумлаи кофирон гашт. Вай аз гурӯҳи чунин ҷинҳое гашт, ки аксари онҳо аз ҳукми Аллоҳ мункир шуда, кофир буданд. Иблис ба Аллоҳ душманӣ намуд ва даъво кард, ки ман аз ӯ (Одам) беҳтару бартарам ва ба ин сабаб кофир шуд. Аллоҳтаъоло ӯро мардуд эълом намуда, аз даргоҳи Худ ронд. Пас…


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)