Сураи Сод Ояти 85 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 85 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 85

لَاَمۡلَئَنَّ جَهَنَّمَ مِنۡكَ وَمِمَّنۡ تَبِعَكَ مِنۡهُمۡ اَجۡمَعِيۡنَ ٨٥

Ла амлаанна Ҷаҳаннама минка ва мим ман табиъака минҳум аҷмаъӣн. 85.

85. Ки албатта, Ҷаҳаннамро аз ту ва аз тобеони ту ва аз ононе, ки туро пайравӣ мекунанд, ҳамаро як ҷо пур месозам».

Баъд аз ин моҷаро Аллоҳтаъоло зимни оятҳои мазкур фармуд, ки ба ҳақ қасам мехурам, зеро он сифати Ман аст ва Ман ба ғайри ҳақ чизи дигареро намегӯям, зеро ҳақ гуфтан сухани Ман аст. Ин Ҷаҳаннамро бе мақсаду бе кор халқ накардам ва Ман онро аз ту, амсоли ту ва аз пайравону тобеони ту, ки аз зуррияи Одаманд, албатта, пур месозаму ҳамаи шуморо дар он якҷо ҷамъ месозам. «Наъузу биллоҳи».


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 86 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)