Сураи Соффот Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Соффот Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Соффот Ояти 11

فَاسۡتَفۡتِهِمۡ اَهُمۡ اَشَدُّ خَلۡقًا اَمۡ مَّنۡ خَلَقۡنَاؕ اِنَّا خَلَقۡنٰهُمۡ مِّنۡ طِيۡنٍ لَّازِبٍ ١١

Фастафтиҳим аҳум ашадду халқан амм ман халақна. Инна халақнаҳум-м мин тӣни-л-лазиб. 11.

11. Пас, аз онҳо (куффор) бипурсед: «Оё онҳо аз рӯи офариниш мушкилтаранд ё ононе ки офаридем?». Албатта, Мо онҳоро аз гили (лои) часпанда офаридем.

Аллоҳтаъоло Ҳабиби худ (с)-ро зимни ояти мазкур фармудааст, ки аз онҳое ки бо ин Қадар далелҳо ва нишонаҳои мавҷуди атроф боз зиндагардонидани баъди мурданро бовар надоранд, бипурсед, ки оё офариниши осмонҳо, Замин, фариштагон, махлуқоти бузургу аҷоиб ягон мушкилие барои Аллоҳтаъоло овард? Албатта, наовард! Оё аз нав зиндагардонидани шумо барои Аллоҳтаъоло чӣ мушкилӣ дорад? Дар давоми оят Аллоҳтаъоло офариниши бори аввали инсонро баён намуда мефармояд, ки мункирони баъс мехоҳанд ё намехоҳанд, лозим аст эътироф кунанд, ки Мо онҳоро бори нахуст аз як навъ лои часпанда халқ намудем, ҳол он, ки лой дар асл як чизи заъиф буд, на рӯҳ дошту на ақлу Қувваю дармон. Ин махлуқ, яъне инсон ба ғайри Аллоҳ дар ёди касе набуда ва касе ҳам тасаввур карда наметавонист, ки Холиқи оламиён чунин махлуқеро арзи ҳастӣ медиҳад. Имрӯз ин инсон иддао дорад, ки зинда гардонидани баъд аз миронидан ҳақ нест. Тибқи оятҳои Қуръонӣ Аллоҳтаъоло таъкид месозад, ки ай инсони пандношунав, чуноне ки туро бори аввал халқ намудам, бори дигар ҳам барои ҳисобу китоб туро зинда хоҳам кард.


Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Соффот Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Соффот Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)