Китобхонаи миллии Тоҷикистон 20-уми марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.
Китобхона 40 толори хониш, 22 махзан, маҷлисгоҳҳо ва чопхона дорад. Дар онҳо беш аз 10 миллион нусха китоб ва дигар маводди хаттӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Бинои нав 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дошта, аз чор қисм иборат аст.

Хонандагон метавонанд, аз рӯйи хоҳиш ва касб аз толорҳои китобхона истифода намоянд.
Дар толори намоиши китоб китобҳои гуногун ба намоиш гузошта мешаванд. Дар толори матбуоти даврӣ рӯзномаву маҷаллаҳо нигоҳ дошта мешаванд.
Дар Китобхонаи миллӣ марказҳои фарҳангии якчанд кишварҳои дунё таъсис ёфтааст. Онҳо китобу нашрияҳои худро барои хондан пешкаш намуда, чорабиниҳои гуногун мегузаронанд. Марказҳои фарҳангии Амрико, Маркази иттилоотии Олмон, Бахши фарҳангии Эрон, Маркази фарҳангии Чин, Маркази фарҳангии Корея китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳоро бо забонҳои инглисӣ, олмонӣ, форсӣ, чинӣ, кореягӣ барои истифода пешниҳод мекунад. Ин марказҳо дар бораикишвари худ маҳфилҳо ташкил менамоянд.
Инчунин хонед


