Тафсири Сураи Соффот Ояти 146 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Соффот Ояти 146
وَاَنۡۢبَتۡنَا عَلَيۡهِ شَجَرَةً مِّنۡ يَّقۡطِيۡنٍۚ ١٤٦
Ва анбатна ъалайҳи шаҷарата-м ми-й яқтӣн. 146.
146. Ва бар болои сари вай дарахте аз навъи биёрадор (каду)-ро рӯёнидем (то дар сояи он биёромад).
Аллоҳтаъоло мефармояд, ки батаҳқиқ, Мо моҳиро амр намудем, Юнус (а)-ро аз батни худ ба як саҳрои бегиёҳу бедарахт ва бе соя берун партояд. Пас, моҳӣ дар чунин макон он ҳазрат (а)-ро, дар ҳоле ки бемор буд, аз худ биафканд. Чун беҳолу бемадор буд, дар зери нурҳои сӯзони Офтоб якбора бемадортар гашт, ҷисми ӯ (а) он Қадар заиф буд, ки бардошти нишастани пашшаро ҳам надошт. Локин бар ҷисми беҳоли ӯ (а) магасҳо нишаста неш мезаданд.
Аллоҳтаъоло мефармояд, ки болои сари ӯ дарахтеро рӯёнидем, ки соя афканад. Ба аксари ривоят он дарахт каду буд, ки баргҳои калон калон дорад. Хосияти каду ин аст, ки пашша ба он наздик наояд. Хулоса, Юнус (а) оҳиста оҳиста соҳиби мадору Қувват гардид. Чуноне Ӯ таъоло дар ояти зер мефармояд, боз Юнус (а)-ро ба сӯи Қавмаш равон намуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «