Тафсири Сураи Соффот Ояти 169 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Соффот Ояти 169
لَـكُنَّا عِبَادَ اللّٰهِ الۡمُخۡلَصِيۡنَ ١٦٩
Лакунна ъибадаллоҳи-л мухласӣн. 169.
169. Албатта, бандагони холиси баргузидаи Аллоҳ мешудем».
Мушрикони Макка, пеш аз нузули Қуръон аз пайғамбарони гузашта чунон дур монда буданд, ки ҳатто огоҳӣ надоштанд. Локин чун номи анбиё (а) ва корнамоии онҳоро мешуниданд, чунин ёваро таманно намуда мегуфтанд, ки агар ба мо ҳам китобе мисли китобҳои пешиниён чун Тавроту Инҷил нозил мешуд, дурустии аъмоли худро нишон дода, дар имондорӣ аз онҳо дида, бузургтар мешудем. Аллоҳтаъолоро бо ихлоси бузург ибодат намуда, хештанро шомили сафи бандагони мухлису баргузидаи Аллоҳ мегардонидем. Мушрикони Макка бо чунин беҳудагӯӣ гӯё худро сафед карданӣ мешуданд. Вале…
Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «