Тафсири Сураи Соффот Ояти 170 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Соффот Ояти 170
فَكَفَرُوۡا بِهٖ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُوۡنَ ١٧٠
Фа кафару биҳ. Фа савфа яъламун. 170.
170. (Чун Қуръон ба онҳо омад) Пас, ба он Қуръон кофир шуданд, пас, ба зудӣ оқибати корро хоҳанд донист.
Агар кофирону мушрикони Макка дар суханони худ устувор мебуданд, пас чаро чун Қуръон ба онҳо нозил шуд, ҳукми онро Қабул накарданду ба Қуръон кофир шуданд? Ҳол он ки Қуръон комилтарини китобҳои осмонӣ аст. Чаро аҳди худро ба гӯшаи фаромушӣ гузоштанд? Бинобар ин, давоми оят барои мушрикон ваъиду таҳдид аст. Худованд фармудааст, ки ба Қуръону оятҳои он кофир шуданд, ба зудии зуд уқубати куфрашонро хоҳанд дид, ин ғолибияте, ки дар ин дунё доранд, дар он рӯз ҳеҷ ба кор наравад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «