Сураи Соффот Ояти 173 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Соффот Ояти 173 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Соффот Ояти 173

وَاِنَّ جُنۡدَنَا لَهُمُ الۡغٰلِبُوۡنَ‏ ١٧٣

Ва инна ҷундана лаҳуму-л-ғолибун. 173.

173. Ва ҳаройина, лашкари Мо ба ростӣ ғалабакунандагонанд.

Дар илми Аллоҳтаъоло ин амр муқаррару сабқат кардааст, ки ба пайғамбарони Худ дар муқобили душманонашон кӯмак мерасонад. Албатта, паёмбарон ва тобеони онҳо ғалабакунандагонанд. Гарчанде дар ибтидо андаке ба душвориҳо дучор меоянд, вале дар охир, пирӯзӣ албатта аз онҳост. Бигзор, ин пирӯзӣ барои бандагони мухлис, хоҳ бо бурҳону ҳуҷҷат ба даст ояд ва хоҳ бо истифодаи Қувват, шарт ин аст, ки онҳо лашкари Аллоҳ бошанд. Ваъдаи Аллоҳтаъоло аст, ки ғалаба дар дунё ва дар охират барои муъминон аст. Дар дунё бо ҳуҷҷату бурҳон ва дар охират бо шомил шудан ба ҷаннатҳои пурнеъмат. Аммо баъзе вақт муъминон шикаст мехӯранд, ин аз нуқсони онҳо ва меҳнати нодурусти онҳост. Ин ҳама барои онҳо имтиҳони Илоҳист.


Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Соффот Ояти 172 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Соффот Ояти 174 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)