Тарбуз даво барои фарбехи

0

Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз фарбехи азоб мекашанд. Онҳо мегӯянд, ки гирифторони фарбеҳӣ ба осонӣ метавонанд, бо истеъмоли тарбуз, вазнашонро кам кунанд.

тарбуз

Тарбуз дар таркиби худ 90 – 95 фоиз об дорад ва он шифобахш аст. Зеро оби тарбуз дистиллатсияшуда мебошад.

Дилаи тарбуз, дона ва ҳатто пӯчоқи он хосияти табобатӣ доранд. Барои таъмини шабонарӯзии ҷисм бо магний хӯрдани 150 грамм тарбуз кофи аст.

Нафароне, ки гирифтори фишори баланди хунанд, бояд ҳар рӯз тарбуз истеъмол намоянд. Тарбуз холестеринро низ аз ҷисм берун мекунад, ки барои бемориҳои дилу раг муҳим аст.

Миёни тамоми киштҳои полизии дигар тарбуз хосияти қавии пешобронӣ дорад. Ин хосияти тарбуз дар пӯчоқи он низ мавҷуд. Аз пӯчоқи тарбуз барои муолиҷаи бемориҳои дилу гурда ҷӯшоба тайёр кардан мумкин аст.

Донаи тарбуз ҳам барои шустани санги гурда ва ҳам барои нест кардани кирм (гелминт) – ҳо воситаи хуб мебошад.

Маслиҳатҳои муфид барои саломатӣ

Мақолаи қаблӣ20 рози хушбахтӣ дар хонавода
Мақолаи баъдӣАз таърихи ИЗИ АНГУШТ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед