Сураи Соффот Ояти 175 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Соффот Ояти 175 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Соффот Ояти 175

وَاَبۡصِرۡهُمۡ فَسَوۡفَ يُبۡصِرُوۡنَ‏ ١٧٥

Ва абсирҳум фа савфа юбсирун. 175.

175. Ва (ҳоли) онҳоро бубин, пас, зуд аст, хоҳанд дид.

Аллоҳтаъоло зимни оятҳои мазкур мефармояд, ки ай Муҳаммад (с), дар баробари он изое, ки аз мушрикон ба ту мерасад, сабр кун. Албатта, зафар чониби шумост, ба зудӣ ҳоли зори он мушриконро хоҳед дид, зеро дур нест, ки онҳо подоши арзанда хоҳанд гирифт ва бо чашми худ натиҷаи куфрашонро хоҳанд дид.

Дар оятҳои баъдӣ ишора мешавад, ки мушрикон бо сабаби саркашиашон азобро барои худ бо таъҷил мехонанд. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло бо саволи инкорӣ дар ояти зер таҳдид намуда фармудааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Соффот Ояти 174 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Соффот Ояти 176 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)