Тафсири Сураи Соффот Ояти 176 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Соффот Ояти 176
اَفَبِعَذَابِنَا يَسۡتَعۡجِلُوۡنَ ١٧٦
А-фа би ъазабина ястаъҷилун. 176.
176. Оё ин (кофирон) азоби Моро ба шитоб металабанд?
Табиатан мушрикон дар ҳаёт бо андак амонӣ мағрур шуда, аз худ мераванд. Бинобар ин, дар ривоят омадааст, ки вақто ҷузъи ояти Қабли «фасавфа юбсирун» нозил шуд, мушрикон аз шунидани ин ба мазоҳ гузашта гуфтанд: «Куҷо шуд он азобе, ки моро метарсонидед? Онро охир биёред!» Бинобар ин, Аллоҳтаъоло бо саволи инкорӣ онҳоро бо таҳдид мепурсад, ки оё ин кофирон он азоберо, ки барояшон ваъда шудааст, бо шитоб металабанд? Валлоҳу аълам, ояти зер барои ин саволи таҳдидӣ ҷавоб аст, ки мефармояд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «