Сураи Соффот Ояти 179 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Соффот Ояти 179 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Соффот Ояти 179

وَّاَبۡصِرۡ فَسَوۡفَ يُبۡصِرُوۡنَ ١٧٩

Ва абсир фа савфа юбсирун. 179.

179. Ва (ҳоли) ононро бубин, пас, зуд аст, ки (онҳо) хоҳанд дид.

Такрор омадани ин оятҳо, шояд таъкид барои таҳдиди куффор ё ба хотири тасаллию таскини Муҳаммад (с), ё шояд ваъдаи аввал, азоби дунёро дар назар дорад, чуноне аз сари мушрикони Макка гузашт ва ваъдаи охир азоби охиратро. Ба ин Аллоҳ донотар аст.

Хулоса, Аллоҳтаъоло ба Ҳабиби Худ (с) мефармояд, ки то як муддати муайян аз ин дурӯғгӯёну бимдодашудагон, ки ҳеҷ ба худ намеоянду панд намегиранд, рӯйгардон бош ва сабрро пеша кун, чун он муҳлат барои онҳо фаро расад чӣ азобу уқубатҳоеро хоҳанд дид. Аз он бесару сомонӣ ва он азобҳои гуногуне, ки ба сари ин тоифа меояд дар он рӯз, Аллоҳ муъминонро аз он нигоҳ дорад.

Сураи карима бо оятҳои зерин ҷамъбасту комил гардида, хотима меёбад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Соффот Ояти 178 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Соффот Ояти 180 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)