Тафсири Сураи Соффот Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Соффот Ояти 8
لَّا يَسَّمَّعُوۡنَ اِلَى الۡمَلَاِ الۡاَعۡلٰى وَيُقۡذَفُوۡنَ مِنۡ كُلِّ جَانِبٍۖ ٨
Ла яссаммаъуна ила-л-малаи-л аъла ва юқзафуна мин кулли ҷаниб. 8.
8. То ки (шаётин) ба сӯи маҷлиси аъло гӯш надиҳанд ва аз ҳар тараф (ба сӯи онҳо) (шиҳоб) андохта мешавад.
Аллоҳтаъоло дар оятҳои гузашта ваҳдонияти Худро баён намуд. Дар оятҳои мазкур Қудрати Худро барои бандагони Худ арзёбӣ намуда мефармояд, ки Мо осмони (коиноти) ба Замин наздикро, яъне осмони дунёро бо зинат (зевар)-и ситорагон ороиш додем. Осмон бо ин ахтарони чун лӯъ-лӯъи дурахшанда, ба ҳангоми шаб аҷоиб сурату ҳусни тозае дорад. Локин мақсад аз офариниши ситорагон, валлоҳу аълам, танҳо ороиши осмон нест, балки ситорагон вазифадоранд, аз наздик шудани ҷину шаётин осмонро посбонӣ намоянд. Барои осмон хавфе нест, вале ин махлуқҳои аз амри Аллоҳтаъоло саркаш барои аз маҷлиси фариштагон дуздидани ахбори ғайбӣ ба сӯйи осмон боло мешаванд. Онҳо аз он маҷлиси малоик мехоҳанд хабаре бишунаванд ва ба соҳирон бирасонанд, вале ситорагони масъул ин ҷину шайтонҳоро ба осмон наздик шудан намемонанд. Аз ояти 8-ум бармеояд, ки чун шайтонҳо ба ин мақсад боло мераванд, аз ҳар тараф шиҳоби ситорагон онҳоро мавриди зарба Қарор медиҳанд, ки баъзе ба куллӣ сӯхта маҳв мегардан ва баъзе захм мебардоранд. Зеро шайтонҳо Қудрати аз ҳадди муайян боло рафтаро надоранд.
Хулоса, валлоҳу аълам, се навъ фоидаи ситорагон аз оятҳои мазкур маълум гардид:
1. Бо истифода аз баъзе ситорагон, чи дар баҳру чи дар бар, мусофирон метавонанд мавқеъ ва самти ҳаракати худро муайян намоянд.
2. Манъ кунонидани ҷину шаётини болораванда барои дуздидани хабарҳо аз маҷлису машварати фариштагон.
3. Зинату нури осмон (Коинот)-и дунё дар шаб.
Оятҳои баъдӣ боз ҳам оятҳои Қаблиро, иншоаллоҳ, возеҳтар шарҳ медиҳанд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «