Сураи Тағобун Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тагобун Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тағобун Ояти 7

زَعَمَ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡۤا اَنۡ لَّنۡ يُّبۡـعَـثُـوۡا‌ ؕ قُلۡ بَلٰى وَرَبِّىۡ لَـتُبۡـعَـثُـنَّ ثُمَّ لَـتُنَـبَّـؤُنَّ بِمَا عَمِلۡـتُمۡ‌ؕ وَذٰلِكَ عَلَى اللّٰهِ يَسِيۡرٌ ٧

Заъама-л лазӣна кафару ал ла-й юбъасу. Қул бала ва Раббӣ ла тубъасунна сумма ла тунаббаунна би ма ъамилтум. Ва залика ъалаллоҳи ясӣр. 7.

7. Касоне ки кофир буданд, пиндоштанд, ки ҳаргиз барангехта нахоҳанд шуд. Бигӯ: «Чаро барангехта намешавед? Қасам ба Парвардигори ман, ки албатта аз нав зинда гардонида мешавед, сипас, шуморо аз он чӣ мекардед, албатта, хабар дода мешавад ва ин кор ба Аллоҳ осон аст!».

Инсони бохирад дар зинда гардонидани баъд аз миронидан набояд шакку шубҳа дошта бошад. Яъне ояти мазкур бори дигар ҳушдор медиҳад, ки омадани он рӯз ҳатмист.

Вақто, ки кофирони Макка фикр карданд, ки ҳаргиз баъд аз мурдан дигарбора зинда гардонидан нест Аллоҳтаъоло ба Ҳабибаш (с) фармуд, ки ба онҳо бигӯ, ки қасам ба Парвардигори ман, ки фикри шумо хатост. Албатта, шуморо Офаридгор бори дигар аз сари нав зинда мегардонад ва ҳисобу китоб сурат мегирад. Дар он рӯз Худованд аз ҷамии гуноҳҳое, ки дар зиндагиятон содир кардаед, хоҳ кабира бошад, хоҳ сағира, шуморо хабар дода, хотиррасон мекунад.

Пас, шумо мувофиқи амалҳоятон ҷазои сазовор мегиред. Ин зинда гардонидану аз амалҳоятон хабар додан барои Аллоҳтаъоло ҳеҷ мушкилие надошта, балки бисёр кори осон аст.

Аллоҳтаъоло дар оятҳои баъди ба маҳкам доштани имону Қуръон амр кардааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тағобун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тағобун Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тағобун Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)