Сураи Тағобун Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тагобун Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тағобун Ояти 6

ذٰلِكَ بِاَنَّهٗ كَانَتۡ تَّاۡتِيۡهِمۡ رُسُلُهُمۡ بِالۡبَيِّنٰتِ فَقَالُوۡۤا اَبَشَرٌ يَّهۡدُوۡنَـنَا فَكَفَرُوۡا وَتَوَلَّوْا‌ وَّاسۡتَغۡنَى اللّٰهُ‌ ؕ وَاللّٰهُ غَنِىٌّ حَمِيۡدٌ ٦

Залика би аннаҳу канат таътӣҳим русулуҳум би-л-баййинати фа қолу абашару-й яҳдунана фа кафару ва таваллав. Вастағналлоҳ. Валлоҳу Ғанийюн ҳамӣд. 6.

6. Ин (азоб) ба сабаби он аст, ки расулҳояшон бо нишонаҳо (муъҷизаҳо)-и равшан пеши онҳо меомаданд, пас гуфтанд: «Оё одамиён моро роҳнамоӣ мекунанд?» Пас, кофир шуданд ва рӯйи гардониданд. Ва Аллоҳ аз имон овардани онҳо бениёз аст ва Аллоҳ тавонову ҳамдгуфташуда аст.

Ба азобу уқубат гирифтор шудани пешиниён ба сабаби он буд, ки агар пайғамбарони замонашон барои исботи фиристодаи Худо буданашон ошкоро муъҷизаҳо нишон медоданд, ҳам вале онҳо аз рӯи гумроҳӣ ба садоқати он пайғамбарон бовар накарда, мегуфтанд, ки наход шахсе мисли мо моро ҳидояту роҳнамоӣ кунад? Вале сангу чӯберо, ки беҷон буд ва аз онҳо на суде мерасиду на зиён, парастиш мекарданд. Хулоса, чун онҳо амри Аллоҳтаъолоро напазируфтанд ва Расулонро қабул накарданд ва бо ин роҳ ба Худову Расули Худо дурӯғҳо бастанду кофир шуданд, ба азоби илоҳи гирифтор гаштанд.

Ҳол он ки ба Аллоҳтаъоло на аз ибодати банда нафъе мерасад ва на аз масъияти ӯ зиёне. Зеро Аллоҳтаъоло аз ҷамиъи олам бениёз аст. Ҳама ҳамду ситоиш мар Худойрост. Агар як гурӯҳи саркаш исён кунанд дигар ҷамиъи махлуқот Аллоҳро ҳамд мегӯянду ва ӯро бо сифатҳои ҳамида ва бе олоиш тасбеҳ мегӯянд. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тағобун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тағобун Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тағобун Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)