Сураи Такосур Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Такосур Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Такосур Ояти 4

ثُمَّ كَلَّا سَوۡفَ تَعۡلَمُوۡنَؕ ٤

Сумма калла савфа таъламун. 4.

4. Боз ҳам не не, зуд аст, ки (фарҷоми афзунталабиро) хоҳед донист.

Такроран овардани як маъно барои инсони ғофил таъкид ва ҳушдор аст. Худованд бо илми азалиаш медонад, ки инсон дар муҳаббати молу фарзанд хеле ҳарис аст. Ҳирс инсонро дар дунё ба ранҷу кулфатҳо гирифтор мекунад. Фаромӯш кардани Худо натиҷаи аз ҳама бадтарини ҳирс аст. Парвардигор дар ин оят такроран хабар медиҳад, ки ин гуна амалҳо дар охират ҳеҷ фоидае надоранд! Натиҷаи чунин амалҳоро шумо ба зудӣ хоҳед донист. Начандон дер вақти марги шумо бирасад. Ба муҷаррадӣ талхии ҷон канданро чашидан нодурустии ҳамаи он амалҳоятон ба шумо маълум гардад, локин чи фоида? Инсони гунаҳкор, чи дар ҳолати марг ва чи баъди он, орзу менамудааст, ки бори дигар ба дунё ояду барои ободии қиёмати худ амалҳои солеҳро анҷом диҳад, локин ҳайҳот! Бори дуввум ба олам омадан одат нест, ҳарчи кардӣ, кардӣ! Ҳарчи мондӣ, монд!


Рӯйхати оятҳои Сураи Такосур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Такосур Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Такосур Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)