Сураи Такосур Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Такосур Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Такосур Ояти 5

كَلَّا لَوۡ تَعۡلَمُوۡنَ عِلۡمَ الۡيَقِيۡنِؕ ٥

Калла лав таъламуна ъилма-л-яқӣн. 5.

5. Не не, агар ба илми яқин бидонед,

Шумо бояд аз ин роҳи пешгирифтаатон, ки он талаби моли дунёву мансаб аст ва охир шуморо ҳалок мекунад, боз гардед. Агар шумо дар ҳақиқат сабаби бадбахтӣ будани ин амали худро медонистед, ҳеҷ гоҳ ба ин дунё ва матои ӯ ин қадар машғул намешудед. Он тоъату ибодатеро, ки Аллоҳтаъоло фармуда буд, бо ихлоси том ба ҷо меовардед. Фирефтаи дунё шуда, аҳволи рӯзи Қиёмат ва сахтиҳои онро фаромӯш намекардед. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки Расулаллоҳ (с) марҳамат карда фармуданд: “Агар шумо медонистед он чиро, ки ман медонам, албатта, кам механдидед ва бисёр мегиристед”.

Дар дида ба ҷойи хоб об аст маро,

Зеро ки ба диданат шитоб аст маро.

Гӯянд: бихоб, то ба хобаш бинӣ,

Эй бехабарон, чӣ ҷойи хоб аст, маро.

(Абӯсаиди Абулхайр)


Рӯйхати оятҳои Сураи Такосур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Такосур Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Такосур Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)