Тафсири Сураи Таквир Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Таквир Ояти 4
وَاِذَا الۡعِشَارُ عُطِّلَتۡ ٤
Ва иза-л ъишару ъуттилат. 4.
4. Ва ҳар вақто ки (уштури) даҳмоҳа маъталу бесоҳиб гузошта шавад.
Уштурони бордоршуда, хусусан агар ҳамлашон даҳмоҳа бошаду айёми наслдиҳиашон наздик шавад, бинобар одате, ки арабҳо доранд, аҳмияти хоси соҳибони худро ҷалб мекунанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ бепарастор гузошта намешаванд.
Парвардигори олам дар ин оят хабар додааст, ки рӯзи қиёмат чунон пурдаҳшат аст, ки ҳатто уштуроне, ки ҳамлашон даҳмоҳа аст, бепарастор мемонанд. Яъне мардум аз тарсу ҳарос ҳама чизро фаромӯш мекунанду дар ғами худ мешаванд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Таквир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «