Тафсири Сураи Таквир Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Таквир Ояти 5
وَاِذَا الۡوُحُوۡشُ حُشِرَتۡ ٥
Ва иза-л-вуҳушу ҳушират. 5.
5. Ва ҳар вақто (ҷонварони) ваҳширо ҷамъ карда шавад.
Дар ин оят ғайри инсу ҷин дигар ҳар чӣ ки ҷон дорад “Вуҳуш” номида шудааст. Яъне яке аз аҳволи рӯзи Қиёмат ҷамъоварии ҷондорҳо мебошад. Ин ба хотири он аст, ки бо ҳам ҳисобӣ кунанд, мазлум аз золим ҳаққашро ситонад. То инсу ҷин камоли адли Парвардигорро бинанду фаҳманд, ки аз ин ҳисобот халосӣ нест.
Ибни Аббос (р) гуфтааст: “Мурод аз ҷамъ намудани ҷондорҳо марги онҳост, яъне баъди ҳисобӣ шудан ба амри Парвардигор ғайри инсу ҷин дигар ҳама вуҳуш хок мегарданд.” Аллоҳ донотар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Таквир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «