Таълими Ислом. Савол ва посух. Саволҳои 11-20

0

Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ (савол ва посух – саволҳои 11-20). Таълими Ислом бар асоси фикхи мазхаби ханафи (савол ва посух – саволхои 11-20).

Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ (савол ва посух - саволҳои 11-20). Таълими Ислом бар асоси фикхи мазхаби ханафи (савол ва посух - саволхои 11-20).
Расм қисман бо ҳушвора сохта шудааст

Пурсишҳои 1-10 – ро инҷо хонед.


Пурсиш‌и 11: Касонеро,‌ ки‌ ба ҷуз Худованд дигар чизҳоеро мепарастанд, чӣ‌ ме‌гӯянд?

Посух: Онҳоро «кофир» ва «мушрик» мегӯянд.


Пурсиши ‌12: Касоне,‌ ки‌ муътақид ба‌ ду ё се‌ худо ҳастанд, монанди масеҳиён,‌ онҳоро чӣ‌ ме‌гӯянд?

Посух: Ононро низ «мушрик» ва «кофир» ме‌гӯянд.


Пурсиши ‌13: Инсони‌ «мушрик» бахшида‌ ме‌шавад ё на?

Посух: Инсони‌ «мушрик» ҳаргиз бахшида‌ наме‌шавад, балки‌ ҳамеша‌ дар дӯзах‌ ва азоби‌ илоҳӣ‌ қарор мегирад, агар дар дунё аз ширк тавба накунад.


Пурсиши‌ 14: Ҳазрати‌ Муҳаммад (с) чӣ‌ касе‌ будаанд?

Посух: Эшон‌ бандаи‌ баргузида‌ ва Паёмбари Худо буда‌ ва мо уммати‌ Ӯ ҳастем.


Пурсиши ‌15: Паёмбари мо (с) дар куҷо таваллуд шудааст?

Посух: Дар сарзамини‌ Арабистон, дар шаҳри Маккаи‌ мукаррама.


Пурсиши ‌16: Номи‌ падар ва ном‌ ҷадди‌ он‌ Ҳазрат‌ чӣ‌ будааст?

Посух: Номи‌ падари он‌ Ҳазрат Абдуллоҳ ва ном‌ ҷаддаш‌ Абдулмутталиб‌ аст.


www.donish.net

Пурсиши ‌17: Оё мақоми‌ Паёмбари мо аз дигар паёмбарон‌ болотар аст?

Посух: Оре, мақоми‌ Паёмбари мо аз тамоми‌ паёмбарон‌ болотар аст ва Паёмбари мо аз тамоми‌ махлуқот‌ афзал‌ аст.


Пурсиши‌ 18: Ҳазрати‌ Муҳаммад (с) дар куҷо зиндагӣ‌ ме‌кардааст?

Посух: Панҷоҳу се‌ сол‌ дар Макка‌ буданд, пас‌ аз он ба‌ дастури Худованд ба‌ Мадина‌ рафта‌ ва даҳ‌ сол‌и тамом дар онҷо зиндагӣ‌ карданд ва дар синни шасту сесолагӣ‌ вафот‌ намуданд.


Пурсиши 19: Касе‌, ки‌ Паёмбарро қабул‌ надошта‌ бошад, чӣ‌ ҳукме‌ дорад?

Посух: Чунин касе кофир аст?


Пурсиши‌ 20: Манзур аз қабул‌ доштани‌ Паёмбар чист?

Посух: Манзур ин‌ аст,‌ ки‌ он‌ Ҳазратро банда‌ ва расули‌ Худо ва баъд аз Худо аз тамоми‌ махлуқот‌ болотар ва афзал‌ донист‌ ва аз дастурҳо ва аҳкоми‌ Ӯ пайравӣ‌ ва иттибоъ‌ намуда, бо эшон‌ муҳаббати‌ комил‌ дошт.


Барчаспи силсиламақолаҳо

Аз китоби “Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ”

Давом дорад …

Мақолаи қаблӣВахдати милли – шукуфоии ватан
Мақолаи баъдӣШоҳбайтҳо #2