Тафсири Сураи Тавба Ояти 101 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 101
وَمِمَّنْ حَوْلَكُمْ مِنَ الْأَعْرَابِ مُنَافِقُونَ ۖ وَمِنْ أَهْلِ الْمَدِينَةِ ۖ مَرَدُوا عَلَى النِّفَاقِ لَا تَعْلَمُهُمْ ۖ نَحْنُ نَعْلَمُهُمْ ۚ سَنُعَذِّبُهُمْ مَرَّتَيْنِ ثُمَّ يُرَدُّونَ إِلَىٰ عَذَابٍ عَظِيمٍ ١٠١
Ва мим ман ҳавлакум-м мина-л-аъроби мунафиқун. Ва мин аҳли-л Мадӣнати мараду ъала-н-нифақи ла таъламуҳум наҳну наъламуҳум. Са нуъа-з-зибуҳумм марратайни сумма юраддуна ила ъазабин ъазӣм. 101.
101. Ва баъзе аз аъроби бодиянишин, ки атрофи шумоянд, мунофиқанд. Ва баъзе аз аҳли Мадина бар нифоқ одат гирифтаанд, (чунон маҳорат доранд, ки) ту онҳоро намедонӣ. Мо онҳоро медонем ва онҳоро ду баробар азоб кунем, пас, ба сӯйи азоби бузург бозгардонида шаванд.
Оятҳои қаблӣ аз ҳоли мунофиқон ва арабҳои саҳронишин сухан карданд, ки агар ба мазмуни ин оят қиёс шаванд, метавон онҳоро мунофиқони оддӣ ҳисобид. Ҳоло Аллоҳтаъоло дар ин оят ба Расули Худ (с) хабар додааст, ки дар деҳаҳое, ки атрофи Мадинаанд, ҳатто дар дохили Мадина ба ғайри мунофиқони оддӣ дигар мунофиқоне ҳастанд, ки дар нифоқи худ чунон бомаҳорат ва чунон таҷрибакоранд, ки ҳатто шахсан, ту эй Муҳаммад (с), онҳоро намедонӣ! Онҳоро Ман медонам ва аз аҳволи онҳо туро хабар медиҳам. Ман онҳоро дар ҳамин дунё ду маротиба ба азоби Худ мекашонам ва дар охират ба сӯйи азоби бузург онҳоро бармегардонам.
Муфассирон гуфтанд: Ду маротиб азоби онҳо барои он аст, ки дар дунё дар зоҳир мусалмону аммо дар ботин кофиру дуранг буданд. Баъзе муфассирон он ду азоби мунофиқонро чунин эзоҳ додаанд, ки мунофиқон доимо дар изтироб буданд, ки мабодо мусалмонҳо сирри мунофиқии моро нафаҳманд. Азоби дувуми онҳо он аст, ки фариштагони вобаста ба қабзи руҳ, руҳи онҳоро бо сахтӣ аз танашон мекашанд. Эҳтимоли ин маъно низ ҳаст, ки агар нифоқашон зоҳир шавад, бо дасти мусалмонон кушта ё асир мешаванд ва дар охир ба азоби қабр гирифтор шуда чун кофирону фоҷирон дар Ҷаҳаннам азоб мешаванд. Саддӣ аз аби Молик ва аз ибни Аббос (р) зимни ояти мазкур чунин ҳодисаро ривоят кардаанд:
“Рӯзе Расулуллоҳ (с) болои минбар хутбаи ҷумъаро мехонд. Дар аснои хутбаи худ гуфт: “Эй фалонӣ, аз масҷид хориҷ шав, ту мунофиқ ҳастӣ. Баро эй фалонӣ, ту низ мунофиқ ҳастӣ!” Ба ҳамин тартиб, чуноне ки дар тафсири Кобулӣ омодааст, сиюушаш нафари мунофиқонро Расулуллоҳ (с) аз масҷид пеш кард ва расвогии онҳоро мардум ошкоро фаҳмиданд. Дар асное, ки онҳо аз масҷид мебаромаданд, Умар (р) омаданд. Бо гумоне, ки мардум ҷумъаро хонданду бозгаштанд, гӯё ӯ ба ҷумъа ҳозир нашудааст, ҳаё карда, аз онҳо худро паноҳ кард. Онҳо бошанд аз Умар (р) худро паноҳ карданд. Бо гумоне, ки ӯ аз ҳолашон бохабар шуд. Хулоса, на ин буду на он. Чун Умар (р) дохили масҷид шуданд, диданд, ки мардум то ҳол ҷумъаро нахондаанд. Марде аз мусалмонҳо ба ӯ (р) гуфт: “Шод бош, имрӯз мунофиқонро Аллоҳтаъоло расво сохт.”
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «