Сураи Тавба Ояти 102 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 102 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 102

وَآخَرُونَ اعْتَرَفُوا بِذُنُوبِهِمْ خَلَطُوا عَمَلًا صَالِحًا وَآخَرَ سَيِّئًا عَسَى اللَّهُ أَنْ يَتُوبَ عَلَيْهِمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ ١٠٢

Ва ахарунаътарафу би зунубиҳим халату ъамалан солиҳа-в ва ахара саййиан ъасаллоҳу ай ятуба ъалайҳим. Инналлоҳа Ғафуру-р-Раҳӣм 102.

102. Ва баъзеи дигаре ҳастанд, ки ба гуноҳони худ иқрор карданд, амали некро бо амали бад омехтанд. Умед аст, ки Аллоҳ ба раҳмати Худ ба онҳо бозгардад. Бе гумон, Аллоҳ бахшояндаву меҳрубон аст.

Аллоҳтаъоло дар оятҳои гузашта ҳоли миунофиқоне, ки бо узрҳои бардурӯғ ҳамроҳи Расулуллоҳ (с) ба ғазои Табук нарафтанд ва инчунин баъди бозгашти ӯ (с) ҳам дар узрҳои дурӯғинашон пофишорӣ карданд, баён кард. Ҳоло дар ин оят ҳоли гурӯҳе аз мусалмонони гунаҳгоре, ки ба ғазо нарафтанд, баён карда гуфтааст, ки гурӯҳи мунофиқон агар ба суханҳои бардурӯғ худро сафед кунанд, аммо гурӯҳи дигаре ҳаст, ки барои ба ғазо нарафтанашон узри бардурӯғ намегӯянд, балки аз нарафтанашон пушаймон шуда, сухани рост мегӯянду ба гуноҳи худ иқрор мешаванд. Онҳо касоне ҳастанд, ки амалҳои солеҳи худро ба амалҳои гуноҳ омехта сохтаанд. (Яъне пеш аз ин ҳамроҳи Расулаллоҳ (с) дар тамоми ғазоҳо иштирок доштанд, ҳоло дар қатори ба ғазо ношоямҳо дар хонаҳои худ нишастанду ба ғазои Табук нарафтанд). Ҳоло онҳо аз гуноҳи худ тавба мекунанд. Умед ҳаст, ки Худованд тавбаи онҳоро қабул фармояду мисли мунофиқон расвояшон насозад. Касе пушаймон шаваду тавба кунад ва аз роҳи гуноҳ бо узру тавба боз гардад, ваъдаи Худованд аст, ки чунин шахс мавриди бахшиш ва раҳми Ӯ таъоло қарор мегирад.

Сабаби нозил шудани ояти мазкурро аксари муфассирон дар шаъни Абулубоба ва шарикони ӯ донистаанд. Яъне Абулубоба ва шарикони ӯ (бо ривояте 5 ё 7 нафар) бе ягон узр ҳамроҳи Расулаллоҳ (с) ба ғазои Табук нарафтанд. Баъди рафтани Расулуллоҳ (с), мо чаро ҳамроҳи ӯ (с) нарафтем гуфта, афсӯсу надомат мекарданд. Онҳо мегуфтанд: “Ин чӣ кор аст, мо дар сояҳои салқин нишинему таъом хӯрем, ҳамроҳи занҳои худ бошему Пайғамбари Аллоҳ азоб кашаду ҷиҳод кунад? Ба Аллоҳ қасам, ки мо худро дар сутунҳои масҷид мебандем, то Расулаллоҳ (с) моро набахшаду накушояд, мо худро намекушоем.” Вақто шуниданд, ки Расулаллоҳ (с) аз Табук бозгаштанд, онҳо худро дар сутунҳои масҷид бастанд. Расулаллоҳ (с), вақто ки аз сафар бармегаштанд, бинобар одате, ки доштанд, аввалан дохили масҷид мешуданд, чанд ракъат намоз мехонданду баъдан ба хонаи худ мерафтанд. Вақто ки Расулаллоҳ (с) чун одат дохили масҷид шуданд, диданд, ки чанд нафар худро дар сутунҳои масҷид бастаанд. Аз ҳоли онҳо пурсон шуданд. Ҳозирин гуфтанд: “Онҳо Абулубоба ва шарикони ӯ ҳастанд, ки дар хонаҳои худ нишаста ҳамроҳи шумо ба ғазо нарафтанд ва аз ин пушаймон шуда ба Аллоҳ аҳд баставу даст ба чунин кор задаанд.” Пайғамбар (с) гуфтанд: “То ин ки Аллоҳтаъоло ба кушодани онҳо маро амр накунад, ман онҳоро намекушоям ва то ин ки Аллоҳтаъоло гуноҳи онҳоро афв накунад, мо гузашт карда наметавонем. Онҳо касоне ҳастанд, ки бо майли худ аз ғазои мусалмонӣ рӯй гардониданд.” Дар ҳамин асно ояти мазкур то калимаи «Ъасо» шояд нозил шуд, ки калимаи «ъасо» агар аз ҷониби Аллоҳ гуфта шавад, ба маънои воҷиб аст. Яъне баъди пушаймонӣ ва оҷизона барои таъкиди тавбаи худ даст ба чунин корҳо заданд, Алоҳтаъоло тавбаи онҳоро қабул фармуд ва Расулаллоҳ (с) онҳоро бахшиду онҳоро аз банд кушод. Дигар ҳадисҳо низ зери мазмуни ояти мазкур омадааст. Узран мо ба яке аз онҳо кифоя кардем. Ҳоло ояти зер хитоб ба Расулаллоҳ (с) аст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 101 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 103 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)