Тафсири Сураи Тавба Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 14
قَاتِلُوهُمْ يُعَذِّبْهُمُ اللَّهُ بِأَيْدِيكُمْ وَيُخْزِهِمْ وَيَنْصُرْكُمْ عَلَيْهِمْ وَيَشْفِ صُدُورَ قَوْمٍ مُؤْمِنِينَ ١٤
Қотилуҳум юъаззибҳумуллоҳу би айдӣкум ва юхзиҳим ва янсуркум ъалайҳим ва яшфи судура қавмим-м муъминӣн. 14.
14. Ҷанг кунед бо онҳо, то онҳоро Аллоҳ бо дастҳои шумо азоб кунад ва онҳоро расво созад ва шуморо бар онҳо нусрат диҳад ва синаҳои қавми муъминонро шифо бахшад.
Дар ин оят Худованд ба мусалмонҳо ваъдаи пирӯзӣ дода, онҳоро амр кардааст, ки ай ҷамоаи мусалмонҳо ҳоло бо чунин мушрикҳои аҳдшикан дар ҷанг шавед. Худованд онҳоро бо зарби дастҳои шумо азоб мекунад ва шуморо бар онҳо ғолиб қарор дода, онҳоро асири шумо гардонида, расвояшон месозад ва дили шумо, муъминҳоро бо сабаби фатҳу зафарҳо ва ҷилвагар шудани парчами Ислом шифо мебахшад. Оре! Дили бандаи муъмин ҳамеша аз фишори гурӯҳи сангдили беимон ва ивази он қурбониҳое, ки додаст, бемор аст. Вақто ки пирӯз шуд, хурсандӣ дили ӯро чунон шод месозад, ки гӯё аз беморие шифо ёфтааст. Ояти зер ин маъноро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «