Сураи Тавба Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 24

قُلْ إِنْ كَانَ آبَاؤُكُمْ وَأَبْنَاؤُكُمْ وَإِخْوَانُكُمْ وَأَزْوَاجُكُمْ وَعَشِيرَتُكُمْ وَأَمْوَالٌ اقْتَرَفْتُمُوهَا وَتِجَارَةٌ تَخْشَوْنَ كَسَادَهَا وَمَسَاكِنُ تَرْضَوْنَهَا أَحَبَّ إِلَيْكُمْ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ وَجِهَادٍ فِي سَبِيلِهِ فَتَرَبَّصُوا حَتَّىٰ يَأْتِيَ اللَّهُ بِأَمْرِهِ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ ٢٤

Қул ин кана абаукум ва абнаукум ва ихванукум ва азваҷукум ва ъашӣратукум ва амвалун-иқтарафтумуҳа ва тиҷаратун тахшавна касадаҳа ва масакину тарЗавнаҳа аҳабба илайкум-м миналлоҳи ва расулиҳӣ ва ҷиҳадин фӣ сабӣлиҳӣ фа тараббасу ҳатта яътияллоҳу би амриҳ. Валлоҳу ла яҳди-л-қавма-л-фасиқӣн. 24.

24. Бигӯ: (эй Муҳаммад). Агар падарони шумо ва писарони шумо ва бародарони шумо ва занони шумо ва хешовандони шумо ва молҳое, ки онро касб кардаед ва тиҷорате, ки аз адами ривоҷи он метарсед ва ҷойҳои сукунате ки онҳоро дӯст медоред, барои шумо аз Аллоҳ ва Расули Ӯ ва аз набарди дар роҳи Аллоҳ маҳбубтар бошанд, пас, интизорӣ бикашед, то Аллоҳ уқубати худро биёрад». Ва Аллоҳ ҳидоят намекунад гурӯҳи фосиқонро.

Дар ин оят Аллоҳтаъоло рӯйи суханро ба Пайғамбари худ гардонида амр кардааст, ки ай Муҳаммад (с), ба онҳо бигӯ ки, агар падарон, фарзандон, бародарону ҳамсарон, хешутабор ва молҳое, ки онҳоро касб карда пайдо кардаед, инчунин тиҷорате, ки ба сабаби гузаштани вақт хавфи касодашро мебаред ва илова бо ин хонаву даре, ки писанди шумоанду бо онҳо моиледу машғули онҳо ҳастед, назди шумо аз Худо ва Пайғамбари Ӯ (с) ва ҳамчунин аз ҷиҳоди дар роҳи ризои Аллоҳ маҳбубтар бошанд, мунтазир бошед, ки Аллоҳтаъоло мувофиқи ҳукм ва хости Худ азобу муҷозоти Худро болои шумо меорад.

Оре! Ояти мазкур ишора ба он дорад, ки барои инсон дар ин дунё қадрноктар ҳашт чиз будааст ва аз ҳама маҳбубтари инҳо Аллоҳ ва Расули Аллоҳ (с) ва ҷиҳод дар роҳи ризои Аллоҳ будааст. Агар дӯстии ғайри ин се дар дили инсоне ғалаба кунад, имони чунин шахс ноқис аст. Худованд ӯро ҳидоят намекунад ва ӯ аз гурӯҳи фосиқон аст. Мисол: Барои инсон падару модар боқадртарин инсонҳо ҳисобида шудаанд. Барои накӯӣ кардан ба онҳо дини Ислом аҳамияти бузург додааст. Локин, дӯст доштану муҳаббати онҳо набояд ба муҳаббати Аллоҳ, Расули Ӯ (с) ва ҷиҳоди фи сабилиллоҳ ғалаба дошта бошад. Ҳукми муҳаббати фарзандон, бародарон, ҳамсар, наздикон, касбу мол ва тарси касоди тиҷорат мисли ҳамин аст. Худое нахоста, агар муҳаббати яке аз онҳо болои муҳаббати Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) ва ҷиҳоди фи сабилиллоҳ ғалаба кунад, чунин шахс фосиқ аст. Худованд фосиқонро ҳидоят намекунад. То инсон ин се чизро аз ҳама зиёдтар дӯст надорад, имонаш комил нест. Акнун ҳадисе барои қувватбахшии эзоҳи ояти мазкур:

Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (р) аз Заҳрӣ ва ӯ аз бобоҳои худ чунин ривоят кардааст, ки рӯзе Расулуллоҳ (с) дасти Умар ибни Хаттоб (р)-ро дошта буд, Умар (р) гуфт:

«Эй Расули Аллоҳ, ба Худо қасам, ба ғайри нафси (ҷони) худам дигар аз ҳама ашё назди ман маҳбубтаред!».

Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Агар ман назди шумо ҳатто аз нафси худатон маҳбубтар набошам, муъмин шуда наметавонед».

Умар (р) гуфтанд: «Эй Расули Аллоҳ, ба Аллоҳ қасам, ки акнун шумо назди ман аз нафси худам ҳам маҳбубтаред!» Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Ана кор ба ҷойи худ расид».

Ба ин мазмун дигар ҳадисҳо низ мавҷуданд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)