Тафсири Сураи Тавба Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 25
لَقَدْ نَصَرَكُمُ اللَّهُ فِي مَوَاطِنَ كَثِيرَةٍ ۙ وَيَوْمَ حُنَيْنٍ ۙ إِذْ أَعْجَبَتْكُمْ كَثْرَتُكُمْ فَلَمْ تُغْنِ عَنْكُمْ شَيْئًا وَضَاقَتْ عَلَيْكُمُ الْأَرْضُ بِمَا رَحُبَتْ ثُمَّ وَلَّيْتُمْ مُدْبِرِينَ ٢٥
Лақад насаракумуллоҳу фӣ маватина касӣрати-в ва явма ҳунайнин из аъҷабаткум касратукум фа лам туғни ъанкум шай-ав ва Зоқат ъалайкуму-л-арЗу би ма раҳубат сумма валлайтум-м мудбирӣн. 25.
25. Батаҳқиқ, Аллоҳ шуморо дар бисёр мавзеъҳо ва рӯзи Ҳунайн мадад кард, чун ба шигифт андохт шуморо бисёриатон, пас, он бисёрӣ дар дафъи душман аз шумо чизеро фоида накард ва Замин бо фарохии худ бар шумо танг гашт, пас, пуштдода баргаштед.
Ҳунайн водиеро гӯянд, ки байни Макка ва шаҳри Тоиф қарор дорад. Баъди фатҳи Макка ба мусалмонҳо хабар расид, ки қабилаҳои Ҳавозан ҳамроҳи дигар қабилаҳо бо лашкари чаҳорҳазорнафара ҳамгом бо қабилаи сақифиҳо ҳамгом (ҳамқадам) гашта алайҳи мусалмонҳо омодаи ҷанг шудаанд. Мусалмонҳо ҳамроҳи навмусалмоншудагон ҳамагӣ дувоздаҳ ҳазор нафар бо фармони Расулуллоҳ (с) алайҳи онҳо низ омода шуданд. Баъзе аз саҳобагон гуфтанд бо ин чамъияти бесобиқае, ки имрӯз мо дорем, ҳеҷ гоҳ шикаст нахоҳем хӯрд. Мутаассифона, ба ғайри иддае чанд, ки атрофи Расулуллоҳ (с) чун Абӯбакр (р), Умар (р), Алӣ (р), Аббос (р), Фазл ибни Аббос (р), Абӯсуфён ибни ал-Ҳорис (р), Айман ибни умми Айман (р), Усома ибни Зайд (р) ва дигарон буданд, дигар ҳама дар ҳамлаи аввали душман ба ақибнишинӣ маҷбур шуданд. Баъдан бо ёрии Аллоҳтаъоло ва тадбирҳои Расулуллоҳ (с) бозгашта алайҳи душман ба пеш ҳаракат карданд. Аллоҳтаъоло дар ин оят хитоб намуда гуфтааст, ки дар ҳақиқат дар бисёрии ғазоҳо ёрии Худро ба шумо расонидем, инчунин дар ғазои Ҳунайн ҳам. Одатан мусалмонҳо дар ғазоҳои қаблӣ бо каму бешии лашкари хеш шоду шигифтзада намешуданд. Аммо дар ғазои Ҳунайн бо тақдири илоҳӣ мусалмонҳо бо бисёрии лашкар таъаҷҷуб карда, андак ба ғурур роҳ доданд. Мутаассифона, то нусрати илоҳӣ ба ёрии онҳо нашитофт, бисёрии лашкар ба онҳо ҳеҷ ёрӣ расонида натавонист. Тарси душман дар дили онҳо чунон ҷой шуд, ки пушт сӯйи душман карда, ҳатто Замин бо ин паҳноияш дар назари онҳо танг менамуд.
Хулоса, онҳо фаҳмиданд ки пирӯзӣ бо бисёрии адади лашкар набудааст, балки нусрат, чуноне ки дар ғазои Бадр гузашт, аз назди Аллоҳтаъоло будааст, ки бо иродаи Худ лашкари камро болои лашкари чандинкарата зиёд ғолиб гардонд. Оятҳои зер ин ҳодисаро идома медиҳанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «