Сураи Тоҳо Ояти 124 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тохо Ояти 124 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тоҳо Ояти 124

وَمَنْ أَعْرَضَ عَنْ ذِكْرِي فَإِنَّ لَهُ مَعِيشَةً ضَنْكًا وَنَحْشُرُهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ أَعْمَىٰ ١٢٤

Ва ман аъраЗа ъан зикрӣ фа инна лаҳу маъӣшатан Занка-в ва наҳшуруҳу явма-л-қийамати аъма. 124.

124. Ва ҳар кас аз ёд кардани Ман рӯгардон шавад, пас, ӯро зиндагонии танг бошад ва ӯро рӯзи қиёмат нобино барангезем».

Муфассирон гуфтаанд: “Агарчи тавбаи Одам (а) мақбули даргоҳи илоҳӣ шуд, лекин ба ҳоли аввал бозгаштану дар Биҳишт боқӣ мондан имконпазир нашуд. Аз ин рӯ, Худованд ба Одам ва Ҳаво (а) амр кард, ки дар ҳоле ки ба хотири касбу кор, маъишат, хостаҳо ва фарқияти салиқа баъзе аз авлоди шумо ба якдигар душман мешаванд, аз осмон ба сӯи Замин фароед! Агарчи Худованд онҳоро ба фуруд омадан ба рӯи Замин амр карда бошад ҳам, локин дари тавбаро ба рӯи онҳо набаст, балки роҳи наҷоту саъодатро ба рӯяшон кушода дошт ва ба онҳо гуфт, ки агар ҳидояти Ман ба суроғи шумо (нузули китоб, фиристодани набӣ) биояду имон ореду ба онҳо чанг бизанед ва тобеъ шавед, ҳаргиз дар дунё гумроҳ ва дар охират бадбахт нахоҳед шуд. Шахсе, ки имон наорад, фармони илоҳиро фаромӯш кунад, аз Худовандро ёд кардан рӯй гардонад ва дилаш ба нури Қуръон равшан нашавад, дар ҳамин дунё дилаш тангу сахт мегардад, лаззати маъишат ва роҳатро намефаҳмад, шикамаш сер шавад, ҳам, аммо чашмаш сер намешавад, рӯзи қиёмат чунин шахсро нобино мехезонем.

Хулоса, байни Одам ва шайтон дар олами боло душманӣ пайдо шуд ва бо ҳамон сифат ба Замин ҳамроҳ фаромаданд ва то рӯзи қиёмат душмании шайтон алайҳи Одам (а) боқӣ хоҳад монд. Масалан, агар шахсе бо иғвои шайтон фирефта шуда, кори гуноҳеро содир кунад ва гӯяд, ки ман дар ғафлат мондам, маро шайтон аз роҳ зад, аз ин баҳонаҷӯиҳо барои ӯ ҳеҷ фоидае нест, рӯзи қиёмат аз гӯр нобино бармехезад. Ибни Аббос (р) гуфтааст: “Шахсе Қуръонро хонад ва ба ончи дар ӯст амал кунад, Худованд зомин аст, ки дар ин дунё ӯро гумроҳ намесозад ва дар охират бадбахташ намегардонад.”


Рӯйхати оятҳои Сураи Тоҳо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тоҳо Ояти 123 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тоҳо Ояти 125 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)