Тафсири Сураи Тохо Ояти 131 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тоҳо Ояти 131
وَلَا تَمُدَّنَّ عَيْنَيْكَ إِلَىٰ مَا مَتَّعْنَا بِهِ أَزْوَاجًا مِنْهُمْ زَهْرَةَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا لِنَفْتِنَهُمْ فِيهِ ۚ وَرِزْقُ رَبِّكَ خَيْرٌ وَأَبْقَىٰ ١٣١
Ва ла тамудданна ъайнайка ила ма маттаъна биҳи азваҷа-м минҳум заҳрата-л-ҳайати-д дунйа ли нафтинаҳум фӣҳ. Ва ризқу Раббика хайру-в ва абқа. 131.
131. Ва ба сӯйи он чӣ ба он ҷамоъатҳоро аз қисми ороиши зиндагонии дунё баҳраманд сохтаем, то онҳоро биозмоем, ду чашми худро боз накун. Ва рӯзии Парвардигори ту беҳтар ва пояндатар аст.
Агарчи дар ин оят мухотаб Расулуллоҳ (с) бошад ҳам, локин қаринаҳо нишон медиҳанд, ки ҳукми ояти мазкур ҷанбаи умумӣ дошта тамоми муъминонро дарбар гирифтааст. Зеро Расулуллоҳ (а) парҳезгортарини мардум буд. Яъне Худованд ба Расулуллоҳ (с) фармудааст, ки аз ончи, ки Мо аз зебу зинат ва неъматҳои моддии дунё кофирону мушриконро бархӯрдор гардонидаем, нигарон мабош! Онҳо мисли шукуфаҳои нопойдори зиндагии дунёанд, хазон аз паи онҳост. Онҳо неъматҳои зуд фонишавандаанд, онҳоро барои озмоиш ба онҳо додаем. Куфрони ин неъматҳо сабаб мешавад, ки мушрикон дар азоби охират абадӣ боқӣ бимонанд. Аммо он савоб (ризқ)-и доимие, ки Худованд бо навъҳои гуногун чун Имон, Ислом, Қуръон, оятҳои илоҳи, ризқи ҳалолу покиза ва неъматҳои ҷовидонаи охират ба ту додааст, беҳтару пояндатаранд. Зеро онҳо зудгузар набуда, балки доимианд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тоҳо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «