Сураи Тоҳо Ояти 132 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тохо Ояти 132 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тоҳо Ояти 132

وَأْمُرْ أَهْلَكَ بِالصَّلَاةِ وَاصْطَبِرْ عَلَيْهَا ۖ لَا نَسْأَلُكَ رِزْقًا ۖ نَحْنُ نَرْزُقُكَ ۗ وَالْعَاقِبَةُ لِلتَّقْوَىٰ ١٣٢

Ваъмур аҳлака би-с-салати вастабир ъалайҳа ла нас-алука ризқан-н-наҳну нарзуқук. Ва-л ъақибату ли-т-тақва. 132.

132. Ва аҳли худро ба намоз бифармо ва бар адои он шикебоӣ кун, Мо аз ту рӯзӣ додан наметалабем. Мо туро рӯзӣ медиҳем ва оқибати хайр барои аҳли тақво аст.

Худованд дар ин оят Расули Худ (с)-ро фармудааст, ки хонаводаву аҳли байти худро ба адои намоз ва муҳофизати намоз дастур деҳ ва худ низ бо риояи ҳамаи рукнҳо ва одобҳояш дар адо кардани намозҳо бо сабр бош. Дигар ин, ки адо кардани намоз барои ту ва хонаводаат сафои қалб мебахшад. Зеро намоз бузургтарин ва беҳтарин зикри Худост. Мо аз ту рӯзӣ намехоҳем ва аз ту намепурсем, ки касеро ризқ деҳ, балки Мо аз ҷониби худ, то ин ки туро ва ҷамиъи халқро ризқу рӯзӣ диҳем, кафилем. Оқибати ҳамида ва накӯии охират аз барои касест, ки аҳли тақво бошад. Оре! Як рукни асосии шахси мусалмон ин аст, ки аҳлу оилаи худро дар ақидаи мусалмонӣ нигоҳ дорад ва барои шахси мусалмон аз ҳама кори муҳим хондани намоз аст. Барои тавзеҳоти бештар ба оятҳои 56-58-ӯми сураи «Зориёт» ва ба ояти 37-уми сураи Нӯҳ (а) муроҷиъат шавад. Ояти зер ба яке аз баҳонаҳои кофирон ишора кардааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тоҳо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тоҳо Ояти 131 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тоҳо Ояти 133 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)