Тафсири Сураи Торик – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ториқ 86-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 17-оят иборат аст.
Маънои асосии ин сура гирди имон ба баъс ва нушур давр мезанад, яъне инсон пас аз мурдан бори дигар зинда мешавад ва боз ба Аллоҳтаъоло рӯбарӯ меояд. Худованд инсонро мефармояд, ки бо дидаи таҳқиқ ба худ назар кунад, ки Офаридгор ӯро аз чӣ чизи ҳақир халқ намудааст.
Модоме, ки одамро аз адам (нестӣ) ба вуҷуд овард, ба ӯ ақлу донишу биноию шунавоӣ ва беҳтарин сурат дод, магар қодир нест ӯро аз сари нав зинда гардонад? Албатта, қодир аст ва будани ҳама мавҷудот аз иродаи он Зоти пок аст. Ана аз ҳамин иборат аст мундариҷаи мухтасари сураи мазкур.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ториқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «