Сураи Буруҷ Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Буруч Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Буруҷ Ояти 22

فِىۡ لَوۡحٍ مَّحۡفُوۡظٍ ٢٢

Фӣ лавҳи-м маҳфуз. 22.

22. Ки дар Лавҳ-ул-маҳфуз навишта шудааст.

Қуръон китобе аст дар “Лавҳулмаҳфуз”, навишта шуда, на дар ҷойи дигар. Қуръон дар муҳофизати тамом қарор дошт ва дорад. Қуръон каломи Раббонӣ аст ва то рӯзи қиёмат бар ӯ ҳеҷ халале ворид намегардад. Ба воситаи фариштаи муқарраб Ҷабраил (а) ба Расули Худо (с.) бе каму кост ва беилова ваҳӣ гардид. Ҳамчунин бе таҳрифу бе табдил боқӣ хоҳад монд. Оятҳои 1-ӯм то 13-ӯми сураи “Ҷин” аз ин маъно таъкид мекунанд.

Имом Бағвӣ аз ибни Аббос (р) ривоят мекунад, ки онҳо гуфтанд: “Дар аввали Лавҳулмаҳфуз” калимаи “Ло илоҳа иллаллоҳ ваҳдаҳу, дини Ӯ дини Ислом Муҳаммад бандаи Ӯ ва расули Ӯст”, навишта шудааст. Пас, шахсе ба Аллоҳ имон орад, ба ваъдаи худ содиқ бошад, Расули Ӯро тобеъ шавад, ӯро дохили Ҷаннат мекунад.

Поёни сураи “Буруҷ”. Ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Буруҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Буруҷ Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ториқ – Тафсири Осонбаён (Қуръон)