Тафсири Сураи Торик Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ториқ Ояти 7
يَّخۡرُجُ مِنۡۢ بَيۡنِ الصُّلۡبِ وَالتَّرَآٮِٕبِؕ ٧
Яхруҷу мин байни-с-сулби ва-т-тароиб. 7.
7. Ки аз миёни пушт(-и падар) ва устухонҳои сина(-и модар) мебарояд.
Дар баъзе тафсирҳо тарҷимаи ояти мазкура чунин ба чашм мерасад: “Ки мебарояд аз миёни пушти мард ва устухони синаи зан.”
Дар луғат ва тафсирҳо калимаҳои “сулб” ва “тароиб” ба маъноҳои гуногун истифода шудаанд. Назди олимони машҳур мақбултараш ин аст, ки “сулб” чун сутунмӯҳра ва “тароиб” чун маҷмӯъи устухонҳои қафаси сина (тӯш) тарҷума шудаанд. Инчунин ба хос гардонидани (сулб) ба миёнпушти мард ва (тароиб) ба қафаси синаи зан зарурат нест. Бинобар ақидаи баъзе олимон, мақсад аз истифодаи калимаҳои “сулб” ва “тароиб” дар ин оят киноя аз тамоми бадани инсон аст. Аммо сабаби зикри хоси ин ду узв чунин аст: Узвҳои асосие, ки дар тавлиди мании марду зан иштирок мекунанд, байни ин ду узв ҷойгиранд.
Баъзе олимон бар ин ақидаанд, ки дар оят зикри сутунмуҳра ва тӯш киноя аз ҷойгиршавии узви хоси тавлидкунандаи манӣ дар ҷисми инсон аст. Ин узвро мутахассисон тухмдон меноманд. Дар марҳилаи муайяни инкишофи ҷисми инсон дар батни модар тухмдон, байни сутунмӯҳра ва тӯш ҷойгир мешавад. Дар ҳақиқат, тухмдон бо тамоми узви инсон алоқаи зич ва таъсири мутақобил дорад ва дар тасарруфи хоси майна ва ҷонишини он ҳароммағз қарор дорад. Хулоса, инсон як махлуқи мураккаби илоҳӣ буда, то ҳадди охир донистанашаванда аст ва ҳамчу як муаммо ба мо боқӣ мемонад.
Бинобар ин, баъзе мутахассисони зотшиноси (биологи) ин соҳа баъди таҷрибаҳои зиёд ва натиҷаи дилхоҳ нагирифтанашон аз рӯйи инсоф ба оҷизии худ иқрор намудаанд ва мусулмон шуданд. Мо аҳли тавҳид ба зоҳири ин ояти мазкур имони комил дорем. Аллоҳтаъоло фармудааст, ки мо инсонро аз оби байни сутунмуҳра ва устухонҳои қафаси сина (туш) хориҷшуда офаридем.
Хулоса, Худованди қодиру тавоно инсонро аз чунин чизи ҳақиру паст халқ намудааст, инсони бохирадро лозим аст сари ин ҳақиқат андеша кунад. Барои ӯ дигар кибру ғурур варзидан лойиқу зебанда нест. Аллоҳ донотар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ториқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «