Сураи Тур Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тур Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тур Ояти 10

وَّتَسِيۡرُ الۡجِبَالُ سَيۡرًا ١٠

Ва тасӣру-л-ҷибалу сайро. 10.

10. Ва кӯҳҳо якбора шитобон равон гарданд.

Аз даҳшату шиддати сахтии рӯзи қиёмат осмон бо ин бузургияш ба ларза медарояд ва ба изтироб меафтад. Ҳамчунин ин кӯҳҳои азимҷусса аз макони хеш кӯчида, пора-пора гашта, чун чанг бар ҳаво хеста, бар Замин мерезанд ва ҳама ҳамвор мешавад.

Дар тафсири «Хозин» омада, ки мақсад аз ларзаи осмону аз ҳам рехтани кӯҳҳо ин аст, ки дигар ба ин дунё бозгашту руҷӯъ нест. Аллоҳ таъоло осмонҳову Замин ва ҳар он чӣ, ки дар миёни инҳо ҳаст, барои ободии дунё ва зиндагию нафъбардории инсонҳо халқ кард ва мусоид гардонид. Чун қиёмат қоим мегардад, дигар барои инсон ба дунё бозгашт нест, Офаридгор дунёро хароб месозад ва охиратро насиби бандагон мегардонад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тур Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тур Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)