Сураи Тур Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тур Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тур Ояти 43

اَمۡ لَهُمۡ اِلٰهٌ غَيۡرُ اللّٰهِ‌ؕ سُبۡحٰنَ اللّٰهِ عَمَّا يُشۡرِكُوۡنَ ٤٣

Ам лаҳум илаҳун ғайруллоҳ. Субҳаналлоҳи ъамма юшрикун. 43.

43. Оё онҳоро ба ғайри Аллоҳ маъбуде ҳаст? Пок аст Аллоҳ аз он чӣ шарик меоранд.

Магар мушрикон ба ҷуз Худованди холиқу розиқ маъбуди дигаре доранд, ки ба ҳангоми тангдилӣ ва мушкилӣ ба ӯ паноҳ баранд? Аз он ёрӣ ҷуста, дафъи балову азоб хоҳанд? Агар дар чунин фикр бошанд, ақидаи онҳо беасос аст, зеро Аллоҳ яктост, мислу монанд надорад. Ба ҷуз Ӯ холиқи дигаре нест ва чизе ё касе ба ғайри Ӯ қодир нест, ки рафъи офату ранҷ намояд. Аллоҳ таъоло аз шарик пок аст! Ҳамаи ин ҷоҳилӣ (нодонӣ) аз он сабаб аст, ки дилҳояшонро пардаи зулумоти ғафлат, худоношиносӣ, ҳақиқатнопазирӣ пӯшонидааст.

Аз ояти мазкур ду хулоса бармеояд:

1. Шахсонеро, ки ба Аллоҳ чизеро шарик дониста, бутпарастӣ мекунанд, шадидан рад мешаванд;

2. Аллоҳ таъоло худро аз он чӣ мушрикон дар шаъни Ӯ таъоло мегӯянд, пок эълон доштааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тур Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тур Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)