
Мақола ҳаҷвист. Агар ҳаҷвро намеписандед лутфан нахонед.
Занҳо чӣ мехоҳанд? (зандорҳо мефаҳманд), шухиҳои тоҷикона, ҳаҷву ханда, ин ҳама аз сомонаи www.DONISH.su – Суи ДОНИШ.
-Баъзе «олимон» ин тадқиқотро анҷом додаанд, вале нигарон аз сиҳатии худу оилаашон номи худро ошкор накардаанд. Зеро Шумо, мардҳо, ба ғазаби зан гирифтор шуданро хуб медонед-ку!
Хулоса, ки занҳо чи мехоҳанд? Онҳо мехоҳанд, ки:
- Марде, ки ҳамсарашро мапартояд, «свининный грипп» шавад.
- Дар аскарӣ ба мардҳо хурокпазӣ ва нигоҳубини кӯдакро омӯзонанд.
- Ҳар боре, ки болои тарозу мебароянд, то 10 ҳисоб карда хароб шаванд ва баракс, агар зиёд хароб бошанд.
- Шоколад калория надошта бошад.
- Бифштексу ҳасиб дар дарахтҳо рӯяд. Фри ҳам!
- Аъзои бадани худро, масалан, бо пахши ягон тугмача хурд ва калон карда тавонанд.
- Барои дар руи хона паҳну парешон будани либос, махсусан, ҷуробҳо ба мардҳо 3 соли маҳбас дар калонияҳои низомаш сахт таъин шавад.
- Кудакон аз хурдӣ худашон вақти пешобкуниашонро гуянд, ё аккалан то сесолагӣ ин корро накунанд.
- Пиворо барои мардҳо дар аптекаҳо бо давохат ё рецепти ҳамсаронашон фурӯшанд.
- Мардҳо дар интизорӣ ягон чиро ҳис накунанд, асабӣ нашаванд, ё худ ҳар қадар зиёд интизор шаванд, ҳамон қадар ба онҳо форад.
- Дӯстдоштааш бо шавҳараш ҷура шаваду ҳар ду сари як пиёла чой дар бораи роҳҳои хушбахт кардани як зан, яъне ӯ – фикр кунанд.
- Бемор нашаванд…..ягон хел!!!
- Марҳо на кал шаванду на риш бароранд. Зеро вақте ки шавҳараш кал мешавад, ӯро «зани кали фалонӣ» мегӯянд ва вақте ки риш дорад, ӯро … озор медиҳад!
- Мардҳо гурбаро дар гирди дастурхон дуст доранд ва онро силла кунанд.
- Пеш аз тавлиди фарзандашон ранги муи сари ӯ ва ранги чашмонашро донанд ва ҳам донанд, ки кӣ келини ояндаи онҳо мешавад.
- Беҳтарин ронандаҳо занҳо бошанд ва «наклейка»-ҳои «Осторожно, мужчина за рулём» бо теъдоди зиёд нашр шавад.
- Баъди анҷоми ҳамаи ин хоҳишхо 8 март барҳам дода шавад. Дигар чӣ даркор аст он?!
- Маршутка дар шаҳр аз соати 7 то 10-и саҳариӣ ва аз соати 16 то 19 фақат занҳоро савор кунанд.
- Ҳама мардҳои кампулу бепулро аз шаҳр бароварда, масалан, барои сохтани ГЭС-у тунелу роҳҳои заминиву оҳан маҷбуран сафарбар кунанд, то шаҳр «тоза» шавад.
- 23 феврал ҷашни онҳое дониста шавад, ки билети ҳарбӣ доранд…билети ҳарбии «годный»!
- Мардҳо пеш аз оиладорӣ ба суратҳисоби арус $20000 ва ё хубтараш $40000 гузаронанд, гаравпулӣ!
- Субҳон Ҷалилов барои ҳамин саҳифа ва ҳамин андешаҳояш дар пеши чашми тамоми занҳое, ки ин навиштаҳо ба онҳо писанд наомад, ба ДОР овехта шавад!!!
- Сомонаи www.DONISH.su бо ин мақолаи ҳаҷвияш пурра баста шавад, мудири сомона ҳамроҳ бо Субҳон Ҷалилов ….
Аз блоги Субҳон Ҷалилов (subhonjalilov.wordpress.com)
| ҲАМИН ГУНА ШУХИҲО ДАР ДИГАР МАҚОЛАҲОИ МО >>> |


