Сураи Воқиъаҳ Ояти 91 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Вокиъах Ояти 91 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Воқиъаҳ Ояти 91

فَسَلٰمٌ لَّكَ مِنۡ اَصۡحٰبِ الۡيَمِيۡنِؕ ٩١

Фа саламу-л лака мин асҳаби-л-ямӣн. 91.

91. Пас, аз ашхоси дасти рост барои ту салом (аст).

Агар он шахси муҳтазар (шахси ба мавт наздикшуда) аз ҷумлаи некбахтон (асҳоби ямин) бошад, яъне дафтари аъмоли худро ба дасти рост мегирифтагиҳо бошад, аз ӯ ба Муҳаммад (с) аз рӯйи хурсандӣ ва қадршиносӣ саломҳо мерасад. Онҳо асҳоби дасти рост ва аз саодату роҳату осоиши неъматҳои гуногун бонасибгаштагонанд ва ба ҳамдигар низ, саломҳо медиҳанд.

Дар баъзе ҳадисҳо омада, ки пеш аз мавт ба муҳтазар башоратҳо (хушхабарҳо) расонида мешавад, яъне фариштагон шахси ба мавт наздикро аз дӯстонаш салом мерасонанд. Саломи фариштагон ба ин тариқа аст: «Салом бар ту аз дӯстонат, ки ту аз асҳоби ямин ҳастӣ!». Ин маъно дар ояти 26-уми ҳамин сура низ гузашт.

Хулоса, ӯ ба хотири ҷамъ ва бо чеҳраи хандон ҷони худро ба ҳақ таслим намуда, олами фониро хурсандона падруд мегӯяд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Воқиъаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Воқиъаҳ Ояти 90 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Воқиъаҳ Ояти 92 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)