![]() |
|
| Шакли сайт: | интернет-донишнома |
| Мавқеи сервер: | ИМА, Тампа, иёлати Флорида |
| Суроғаи интернетӣ: | wikipedia.org |
| Википедия ба забони тоҷикӣ: | https://tg.wikipedia.org |
Википедия (англ. Wikipedia, тал. [ˌwɪkɨˈpiːdiə] ё [ˌwɪkiˈpiːdiə]) — донишномаи интернетии чандзабона бо муҳтавои озод, ки бо ҳамкории афроди довталаб навишта мешавад ва ҳар касе, ки ба интернет дастрасӣ дошта бошад метавонад мақолоти онро вироиш кунад.
Номи Википедия вожае таркибӣ аст, ки аз вожаҳои вики (вебгоҳи мушорикатӣ) ва энсиклопедия (донишнома) гирифта шудааст. Ҳадафи Википедия офариниш ва интишори ҷаҳонии як донишномаи озод ба тамоми забонҳои зиндаи дунё аст.



