Якчанд сирри равонии инсон

0

Ба ҳамагон маълум, ки равоншиносӣ ин илм аст ва ҳолати равонии тамоми мавҷудоти зинда аз он вобастагӣ дорад. Инсон низ ҳамчун узви ҷомеа дорои ҳолатҳои равоние мебошад, ки аксарияташро то ҳол намедонад. Вобаста ба ин  мо тасмим гирифтем, ки якчанд фактҳои аҷиби  равонии инсонро  пешниҳоди Шумо гардонем. 


Инсон он вақт худро хушбахт ва ё муваффақ меҳисобад, ки  майнаи сараш ба коре банд аст ва майли машғул шудан ба дигар корро надорад.


Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки одамони чашмкабуд назар ба одамони сиёҳчашм ва ё дорои чашмони қаҳваранг зудтар ошиқ мешаванд. Аммо одамоне, ки чашмони сабз доранд, барояшон ҳадди ақал як сол зарур аст, ки то ба дигаре дил банданд.


Илми равоншиносӣ ақидаеро дорост, ки барои хонумон ҳамагӣ 45 сония кифоя аст, то марди ношиносро баҳо диҳанд. Аз он 10 сонияро барои муайян кардани ҳолати ҷисмонӣ, 8 сонияро барои нигоҳи чашмон, 7 сония барои мӯйи сар, 10 сония барои лаб, 5 сония барои нигоҳ ба китфон ва ниҳоят 5 сония барои ангуштарин агар дар даст дошта бошанд. Ин хурдтарин вақтест барои хонумон, ки ҳади ақал чӣ гуна будани мардонро ташхис карда, хулосаашонро бароранд.


Ба ҳама маълум, ки қисмати зиёди одамон орзӯ карданро дӯст медоранд. Равоншиносон  низ бар он ақидаанд, ки аксарияти одамоне, ки орзӯ карданро дӯст медоранд бештар дар корҳои заҳматкашидаашон муваффақ мегарданд.


Тадқиқотҳои сотсиологӣ исбот кардаанд, ки бо чашмони пӯшида назар ба чашмони кушода чизи шунидаро  аз худ кардан осонтар аст.


Агар ба чашмони одам нигоҳ карда гап занӣ ва ё ӯро гӯш кунӣ, ӯ имкони камтар дурӯғ гуфтанро дорад.


Илми равоншиносӣ чунин мешуморад, ки ҳар як инсон танҳо имкони қабули аз 50 то 150 дӯсти ҳақиқиро дар тамоми ҳаёташ дорад. Агар касе даъво кунаду гӯяд, ки ман аз 150 дӯст зиёдро соҳибам ва бо ҳамаи он муносибати дӯстӣ дорам ӯ хато мекунад, зеро ин дар илми равоншиносӣ имкон надорад.


Шумо низ метавонед фикру мулоҳизаҳои худро дар шарҳ нависед, зеро фикри Шумо дар маводҳои оянда ба мо кӯмак хоҳанд кард.

Равоншиносӣ: се амале, ки то ҳол намедонед

Мақолаи қаблӣ5 сифати кӯдакон
Мақолаи баъдӣ6 рафтори ҷоҳилона

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед