Тафсири Сураи Ёсин Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 25
اِنِّىۡۤ اٰمَنۡتُ بِرَبِّكُمۡ فَاسۡمَعُوۡنِؕ ٢٥
Инни аманту би Раббикум фасмаъун. 25.
25. Албатта, ман ба Парвардигори шумо имон овардам, пас, аз ман бишнавед».
Ҳабиби наҷҷор ибрози ақида мекунад, ки агар ман бутҳоро шафеъи худ бидонам, пас маълум мегардад, ки ошкоро дар гумроҳӣ Қарор дорам. Ман ба яқин донистам, ки бутҳо ҷисмҳои беҷонанду худоиро нашоянд ва сазовори парастиш нестанд. Эй Қавми ман, маълуми шумо бод, ки ман ба Парвардигори оламиён, он Парвардигоре, ки расулонро ба сӯйи мову шумо фиристодааст, имон овардаам. Ин эъломи Ҳабиби наҷҷор ба ин хотир будааст, ки расулони Худо инро бишунаванд ва назди Аллоҳтаъоло барои ӯ шоҳид бошанд ё шояд ба ин мақсад буд, ки Қавмашро бо ин эъломи ошкоро барои имон овардан таҳрике бахшад. Худо донотар аст.
Хулоса, Ҳабиби наҷҷор ин марди аз шароби имон сармаст ҳанӯз суханашро ба итмом нарасонида буд, ки Қавмаш бар ӯ ҳуҷум намуданду вайро ба ҳалокат расониданд ва ӯ (р) ин суханро то ҳалок шуданаш мегуфт: «Ай бор Илоҳо, Қавми маро ҳидоят кун, зеро онҳо намедонанд».
Аллоҳтаъоло Ҳабиби наҷҷорро ин марди ҳидоятёфтаро барои чунин ранҷҳоро кашиданаш, чуноне ки дар ояти зер хабар додааст, ба аҷру мукофоти арзандае сазовор донист.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «