Сураи Ёсин Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 29

اِنۡ كَانَتۡ اِلَّا صَيۡحَةً وَّاحِدَةً فَاِذَا هُمۡ خٰمِدُوۡنَ ٢٩

Ин канат илла сайҳата-в ваҳидатан фа иза ҳум хомидун. 29.

29. Несткунандаи онҳо ба ҷуз як овози тунд чизи дигаре набуд, пас, онҳо чун оташ ба ҷои худ ногаҳон сард шуданд.

Барои Парвардигори ба ҳама кор Қодиру тавоно ҷамъ ва тараддуд кардани лашкар ҳоҷат нест. Ӯ таъоло фариштаи муқарраб ҳазрати Ҷабраил (а)-ро амр намуд ва бо як овози тунду даҳшатбор он Қавмро ҳалок сохт. Онҳо ба мисли оташи хокистаргашта аз шунидани он сайҳа (овози даҳшатноки марговар) дар ҷои худ ба хок яксон гардиданд. Ҳатто ягон ҳаракаткунандае аз онҳо боқӣ намонд. Тавре маълум шуд Аллоҳтаъоло ба Қавми Антокия ғазаб намуд. Барои ҳалоки онҳо нузули лашкари осмониро зарур надонист, балки бо як сайҳа онҳоро ҳалок сохт.

Нисбати ин гуна бандагони ҳақношинос сухани ҷонгудози Офаридгорро аз ояти баъдӣ, мешунавем.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)