Тафсири Сураи Ёсин Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 32
وَاِنۡ كُلٌّ لَّمَّا جَمِيۡعٌ لَّدَيۡنَا مُحۡضَرُوۡنَ ٣٢
Ва ин куллу-л ламма ҷамӣъу-л ладайна муҳЗарун. 32.
32. Ва ҳеҷ табақае нест, магар ҳамагӣ назди Мо ҳозир карда мешаванд.
Ҳар азобе, ки ба сари Қавми Антокия ва монанди онҳо омад, танҳо як азоби дунявӣ набуд. Онҳо гумон накунанд, ки бо ҳамин наҷот ёфтанд ва пас аз мурдан зинда нахоҳанд шуду мавриди ҳисобу ҷазо Қарор нахоҳанд гирифт. На! Чунин нест, балки ҷазову сазои охират дар пеш аст. Ҳама мардум, кадом табақае, ки набошад, бо он амалҳои баду неке, ки дар дунё кардаанд, назди Аллоҳтаъоло ҳозир хоҳанд шуд.
Ояти зер аз вуҷуди Сонеъ ва Қудрати беинтиҳои Ӯ таъоло сухан мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «