Сураи Ёсин Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 31

اَلَمۡ يَرَوۡا كَمۡ اَهۡلَـكۡنَا قَبۡلَهُمۡ مِّنَ الۡقُرُوۡنِ اَنَّهُمۡ اِلَيۡهِمۡ لَا يَرۡجِعُوۡنَؕ ٣١

Алам ярав кам аҳлакна Қаблаҳум-м мина-л Қуруни аннаҳум илайҳим ла ярҷиъун. 31.

31. Оё чӣ Қадар пеш аз онҳо табақоти мардуми бисёрро ҳалок сохтем, надиданд, ки онҳо ба сӯи онҳо барнамегарданд?

Аллоҳтаъоло зимни оятҳои зикршуда барои ому хос нидо мекунад, ки во дареғо аз он бандагоне, ки расулони маро бовар накарданд, онҳоро масхара намуданд, оятҳои моро дурӯғ ҳисобиданд. Во ҳасрато, вақто ки онҳо (дар дунё бошад ё Қиёмат) азоби ҷонгудозро айнан мебинанд, бо ҳасрату надомат гирифторанд. Онҳо таърихи умматони гузаштаи ҳалокшударо медонистанд. Умматони исёнкори гузашта низ ба сабаби чунин муомила (бовар накардан ба расулони Аллоҳ) ба ғазаби Мо гирифтор шуданд. Чунон ба ҳалокат расиданд, ки ягон нафари онҳо бар нагашт. Афсӯс, онҳо аз ин Қиссаҳои ибратбахш ягон панду хулосаи зарурие набароварданд. Мо ҳар Қадаре расулон фиристодем, боз Қавмҳое пайдо гардиданд, ки фиристодагони моро масхара намуданд, оқибат ба азоби Мо гирифтор шуданд. Аммо ояндагон бошанд аз сарнавишти пешиниён сабақ набардоштанд. Ин оят, ки мушрикони Маккаро ба Қавми Антокия монанд месозад, шадидан маломату сарзаниши онҳост. Зеро мушрикони Макка Хотамуланбиё (с)-ро бовар накарданд, ба ҷои имон куфрро ва ба ҷои саодат бадбахтиро ба худ ҳисса гирифтанд.

Як нуктаро ёдовар шудан бамаврид аст, ки сари тамоми ҳодисоти ин олам дақиқкорона, бо тоату ибодат андеша бояд намуд, зеро ҳеҷ як рӯйдоди олам беҳикмат ва аз иродаи Аллотаъоло дур нест. Агар Худо нахоста ногаҳон чунин ҳодисот биёяд, дигар банда чӣ кор карда метавонад? Худованд дар ояти зер фармудааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)