Тафсири Сураи Ёсин Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 34
وَجَعَلۡنَا فِيۡهَا جَنّٰتٍ مِّنۡ نَّخِيۡلٍ وَّاَعۡنَابٍ وَّفَجَّرۡنَا فِيۡهَا مِنَ الۡعُيُوۡنِۙ ٣٤
Ва ҷаъална фӣҳа ҷаннати-м мин-н-нахӣли-в ва аънаби-в ва фаҷҷарна фӣҳа мина-л-ъуйун. 34.
34. Ва дар он (Замин) боғҳо аз дарахтони хурмо ва ангур офаридем ва дар Замин баъзе чашмаҳоро равон сохтем,
Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур фармудааст, ки мисоли дигаре. ки ба камоли Қудрати Мо далолат мекунад, ин аст, ки он замини мурдаро бо бӯстонҳои сабзу хуррами ангурзору хурмозор табдил додем. Дар он заминҳо обҳои ширин ва барои истифодаи махлуқҳо наҳрҳои фоидабахшро ҷорӣ намудем.
Маълум гардид, ки фарди кофир бар куфраш маъзур набудааст, зеро тамоми мавҷудоти олам барои ёфтани роҳи мустақим ва хидояти воқеӣ далолаткунандаанд. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло инкоркунандагони баъсро бо ин мисол овардан огоҳ месозад, ки монанди он, ки замин мурдаро зинда месозем, инсонҳоро низ бори дигар баъд аз мурдан зинда мегардонем. Ин ҳама рӯёнданҳо барои он аст, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «