Тафсири Сураи Ёсин Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 35
لِيَاۡكُلُوۡا مِنۡ ثَمَرِهٖ ۙ وَمَا عَمِلَـتۡهُ اَيۡدِيۡهِمۡ ؕ اَفَلَا يَشۡكُرُوۡنَ ٣٥
Ли яъкулу мин самариҳӣ ва ма ъамилатҳу айдӣҳим а-фала яшкурун. 35.
35. То аз меваи он ва аз дастранҷи хеш бихӯранд ва меваро дастҳои онҳо насохтааст, пас, (чаро) шукр намекунанд?
Аллоҳтаъоло бо раҳмати Худ заминҳои мурдаро бо резондани оби борон, бо анвои хурмозору ангурзор ва ғайра табдил гардонид, то махлуқҳо (инсонҳо) он дарахтону зироати коридаро, мавриди истеъмоли хеш Қарор бидаҳанд. Дар ин боб аз дасти инсонҳо ин меояд, ки дарахт шинонад, онро парвариш кунанд, аммо мева, ранг, ҳаҷм, маззаву бӯй ва ғайраро офаридан фақат ба Қудрати Аллоҳтаъоло вобаста аст. Инсон вазифадор аст, ки барои ин аз Розиқи худ ҳамеша шукргузор бошад. Шукри ин неъматҳоро ба ҷой овардан воҷиб аст, пас чаро шукр намекунанд?
Ончи мо дар шарҳи ин оят овардем, андешаи аксари муфассирон аст. Аммо баъзе аз уламои илми тафсир калимаи «мо»-ро мавсул ҳисобида, ба маънои «Аллази» гирифтаанд. Дар ин ҳолат тарҷума чунин сурат мегирад. «То бихӯранд аз меваҳои зикршуда, он меваҳое, ки ба дасти эшон тарбия шудаанд». Ба ҳар сурат аз дасти инсон чӣ меояд? Тавре дар боло гуфтем, ҳама ба Қудрати Офаридгор вобаста аст. Баъд аз он Аллоҳтаъоло фармуд, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «