Тафсири Сураи Ёсин Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 52
قَالُوۡا يٰوَيۡلَنَا مَنۡۢ بَعَثَنَا مِنۡ مَّرۡقَدِنَاۘؔ هٰذَا مَا وَعَدَ الرَّحۡمٰنُ وَصَدَقَ الۡمُرۡسَلُوۡنَ ٥٢
Қолу йа вайлана ман баъасана мим марқадина. Ҳаза ма ваъада-р Раҳману ва садақа-л-мурсалун. 52.
52. Гӯянд: «Эй вой бар мо, аз хобгоҳамон кӣ моро барангехт?». (Ба онҳо гуфта мешавад): «Ин аст он чӣ Раҳмон (Аллоҳ) ваъда карда буд ва пайғамбарон рост гуфта буданд».
Зимни маънои ояти мазкур дар «Тафсири ҷалолайн» чунин омадааст, ки дар он рӯзи пурдаҳшат ин «Эй вою аламу ҳасрат бар мо бод!»-ро, кофирон мегӯянд. Яъне онҳо чи Қадар азобе, ки дар олами барзах (Қабрҳояшон) дида бошанд, он нисбат ба ҷазаъи (бесаранҷомии) баъди сури охир барояшон осон намуда мегӯянд, ки эй вой бар мо, кӣ моро аз «оромгоҳамон» бедор намудаву ба чунин рӯзи пурдаҳшат гирифтор сохт?
Дар тафсири Ибни Касир омада, ки азоби алами олами барзах (байни дунё ва Қиёмат) нисбат ба азоби рӯзи Қиёмат чун хобу роҳат менамояд. Бинобар ин, ҳар гоҳе кофирон чунин садои ҷонсӯзро баъди дамидани сури Исрофил (а) мебароранд, фариштагон дар ҷавоби онҳо мегӯянд, ки пайғамбарони Худо паи ҳам омаданд, дар ин хусус шуморо хабар доданд ва онҳо ростгӯй буданд, аммо шумо ба онҳо бовар накардед «Ҳоло ин ҳамон ваъдаи Аллоҳтаъоло, (яъне зинда гардонидани баъд аз миронидан) аст, шумо дурӯғҳисобандагони ин рӯз акнун зинда гардидед, то ки ба чашми худ бинеду мавриди ҳисобу ҷазо Қарор дода шавед».
Кофирон ин ҳолатро дида, ба хато ва гуноҳи худ иқрор мешаванд, вале дигар чӣ фоида?
Ояти навбатӣ аҳволи рӯзи Қиёматро баён месозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «