Тафсири Сураи Ёсин Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 53
اِنۡ كَانَتۡ اِلَّا صَيۡحَةً وَّاحِدَةً فَاِذَا هُمۡ جَمِيۡعٌ لَّدَيۡنَا مُحۡضَرُوۡنَ ٥٣
Ин канат илла сайҳата-в ваҳидатан фа иза ҳум ҷамӣъу-л ладайна муҳЗарун. 53.
53. Воқеаи рӯзи Қиёмат, ба ҷуз як овози сахт чизе набошад, пас, он гоҳ ҳамаи онҳоро ҷамъ оварда, назди Мо ҳозир карда шаванд.
Зинда гардонидани амвот (мурдагон) пеши Офаридгор кори мушкил нест. Бо амри Аллоҳтаъоло бо як сайҳаи (овози) Исорфил (а) Қиёмат Қоим мегардад ва халоиқ (инсу ҷин) аз аввалин то охирин нафар аз нав зинда гардида, назди Холиқи худ барои ҳисобот додани амалҳояшон ҳозир карда мешаванд.
Дар ҳошияи «Ас-Совӣ бар тафсири Ҷалолайн» омадааст, ки (сайҳа) овози сури Исрофил (а) аст. Он чунин бошад: «Ай устухонҳои пӯсидаи дар ҳам рехта ва ай пайвандҳои аз ҳам ҷудошуда ва ай аҷзои аз ҳам дурафтида ва ай мӯйҳои дарҳам рехта, Аллоҳтаъоло ба шумо амр кард (мекунад), ки шумо барои фасли Қазо, (рӯзи Қиёмат) албатта, ба ҳам ҷамъ шавед». Баъди чунин нидо ҳама маҷмӯан дар майдони маҳшар назди Аллоҳтаъоло ҳозир мегарданд.
Дар оятҳои оянда тариқи ҷазову подош ва аҳволи аҳли Ҷаннату Дӯзах зикр гардидааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «