Тафсири Сураи Ёсин Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 59
وَامۡتَازُوا الۡيَوۡمَ اَيُّهَا الۡمُجۡرِمُوۡنَ ٥٩
Вамтазу-л-явма айюҳа-л-муҷримун. 59.
59. (Барои кофирон гуфта шавад:) «Эй муҷримон, имрӯз ҷудо шавед!».
Чун рӯзи Қиёмат ҳама ба назди ҳолиқи худ ҳозир мешаванд, барои дилкӯбӣ ва сарзаниши кофиронро пеш аз он ки дохили нор шаванд, ба онҳо назди шоҳидҳо гуфта мешавад, ки ай муҷримон, шумо имрӯз аз муъминон ҷудо шавед, ки шумо аз неъматҳои Биҳишт бебаҳраед! Вақто ки аз байни муъминон кофирон ҷудо мешаванд, Худованд ба онҳо хитоб намуда чунин мегӯяд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «