Тафсири Сураи Ёсин Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 58
سَلٰمٌ قَوۡلًا مِّنۡ رَّبٍّ رَّحِيۡمٍ ٥٨
Саламун Қавла-м ми-р-Рабби-р Раҳӣм. 58.
58. Аз ҷониби Парвардигори меҳрубон (барои онҳо) «Салом бодо» гуфта мешавад.
Онон, ки ба фазли Илоҳӣ дар рӯзи Ҷазо даъват ба Ҷаннат шудаанд, дар боғҳои Ҷаннат машғули истифода аз лаззатҳо ва неъматҳои Биҳишт ҳастанд. Онҳо ба истеъмоли неъматҳои Ҷаннат ва шунидани овозҳои ханҷара ва дигар неъматҳо шод буда, дигар ба хотири онҳо ғаму андӯҳ намегузарад. Зеро онҳо ба хубӣ медонанд, ки лутфи Илоҳӣ ба онҳо насиб гардидааст ва ҷовидона дар Биҳишти анбарсиришт боқӣ хоҳанд монд.
Дар Ҷаннат барои биҳиштиён ҳар гуна айши дилхоҳ вуҷуд дорад, ки аз тасаввури инсонҳо болост. Онҳое, ки ба Ҷаннат мушаррафанд, нафарҳое ҳастанд, ки камбудиҳову машаққатҳои дунёи фониро паси сар кардаанд. Дигар онҳо дар Ҷанат мушкилот надоранд. Аз ҷумлаи яке аз маишатҳои Биҳишт ин аст, ки мардон бо занони худ дар як олами саршор аз меҳру муҳаббат, шодию нишот, зери сояҳои хушу гуворо ба рӯйи тахтҳои роҳатбахш такя зада, бо ҳам нишастаанд. Дигар ба онҳо на гармии сахти Офтоб таҳдид мекунаду на сармои Қаҳратун. Чи гуна таъомеро орзу кунанд, барояшон муҳайё аст. Барои ёфтани меваи табъи дил заҳмат намекашанд. Хулоса, ҳарчиро ки ҳавас намоянд барояшон дарҳол ҳозир гардонида мешаванд.
Аз мазмуни оятҳои боло ва инчунин аҳодис пайдост, ки фарди ҷаннатӣ чӣ орзуе, ки кунад, он бе ҷавоб нахоҳад монд ва ҳатто аз он ҳам зиёдтар соҳиб хоҳад гашт. Занонро одат ин аст, ки мехоҳанд чеҳраи зебо, Қаду Қомати мавзун ва хулоса хушрафтору ширингуфтор ва соҳиби тамоми ҳусну зебоӣ бошанд, то писанди шавҳарони худ Қарор гиранд. Ҳамчунин орзу мекунанд, ки шавҳарони онҳо ҳам дар зебоӣ нуқсоне надошта бошанд ва ғайра. Худованди таборак ва таъоло барои муваффақ гардидан ба ин неъматҳо барои шумо хоҳарони меҳрубон дар Қуръони карим роҳҳояшро равшану возеҳ баён намудааст. Роҳи расидан ба мақсадҳои наҷиб ин аст, ки агар аҳкому аркони шариъатро барои ризои Худо ба ҷо биёранд, ва ба ин васила дохили Ҷаннат шаванд, он гоҳ ҳар он чи, ки орзу намоянд, Аллоҳтаъоло чандин карат зиёдтар барои онҳо арзонӣ мефармояд.
Дуъо кунем, ки Аллоҳтаъоло тавфиқи шуморо зиёда ва аз неъматҳои Ҷаннат мову шуморо баҳравар бигардонад. Омин!
Аз он неъматҳои Ҷаннат, ки дар оятҳои 55, 56 ва 57 зикрашон гузашт, неъмати бебаҳо ин аст, ки Аллоҳтаъоло дар ояи 58-ум фармуд. Ин саломи Офаридгор ба ҷаннатиён аст, ки ё бевосита сурат мегирад ва ё ба воситаи фариштагон. Худо донотар аст.
Тибқи мазмуни ҳадиси шариф, ки Ибни Моҷа ривоят кардааст, аз Расулуллоҳ чунин омада: «Он замоне, ки аҳли Ҷанат ба неъмаҳои он машғул ҳастанд, Нуре ба онҳо рӯзи ҷумъа таҷаллӣ мекунад ва ҳама сар ба боло мекунаду мебинад, ки Парвардигори оламиён ишонро ба дидори худаш мушарраф гардонидаасту мегӯяд: «Ассалому алайкум ё аҳли Ҷаннат». Ин аст мазмуни «Саломун Қавлам мир раббир раҳим». Пас Ӯ таъоло ба сӯйи ҷаннатиён назар мекунад ва ҷаннатиён бошанд, ба сӯйи Парвардигори худ назар мекунанд. Чун аҳли Ҷаннат ба сӯи Парвардигор назар месозанд, аз шавқи дидор дигар ба ягон неъмати Ҷаннат илтифот намекунанд, зеро беҳтарин неъматҳои аҳли Ҷаннат дидори Парвардигор аст. То вақте ки парда пеши назарашонро нагирад, онҳо бо он неъмати дидор дар лаззатанд. Аммо барои Ҷаннату аҳли он нуру баракати Ӯ таъоло то ҷумъаи дигар боқӣ хоҳад монд.
Дар ҳамин ҷо Аллоҳтаъоло зикри Ҷаннату неъматҳои ӯро барои муттақиён бо услуби ин сура ба поён расонида, ҷазою аҳволи ашқиё (бадбахтон)-ро бо оятҳои зер оғоз менамояд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «