Тафсири Сураи Юнус Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юнус Ояти 28
وَيَوْمَ نَحْشُرُهُمْ جَمِيعًا ثُمَّ نَقُولُ لِلَّذِينَ أَشْرَكُوا مَكَانَكُمْ أَنْتُمْ وَشُرَكَاؤُكُمْ ۚ فَزَيَّلْنَا بَيْنَهُمْ ۖ وَقَالَ شُرَكَاؤُهُمْ مَا كُنْتُمْ إِيَّانَا تَعْبُدُونَ ٢٨
Ва явма наҳшуруҳум ҷамӣъан сумма нақулу лил лазӣна ашраку маканакум антум ва шуракаукум. Фа зайялна байнаҳум. Ва қола шуракауҳум-м ма кунтум иййана таъбудун. 28.
28. Ва (битарс) аз рӯзе ки ҳашр кунем онҳоро ҳама як ҷо, сипас, ононеро, ки ширк оварданд гӯем: «Шумо ва шарикони шумо ба ҷойи худ биистед». Пас, ҷудо кунем миёни онҳо. Ва шарикони онҳо гӯянд: «Шумо моро парастанда набудед».
Ояти мазкур ҳоли мушриконеро, ки рӯзи маҳшар назди додгоҳи илоҳӣ ҳозир мешаванду бечораанд, чунин баён кардааст, ки мушрикон бояд рӯзеро ба хотир биёранду битарсанд, ки ҳама, инсу ҷин, яъне ҳама бандагони накӯкору бадкор, худопарасту бутпараст ва дигар парастандагони маъбудони ботилро барои бозпурсӣ ҷамъ меоварем. Он гоҳ назди мардуми дар маҳшаргоҳ ҷамъомада, барои саркӯбӣ ва сарзаниши мушрикону маъбудҳояшон, ба онҳо мегӯем, ки шумо ҳамроҳи маъбудҳоятон (ки онҳоро шарики Худо қарор медодед ва то ин ки ботил будани ақидаатон ба шумо маълум шаваду ҳисоби шумо баррасӣ гардад), дар мақоми муайян аз муъминҳо ҷудо биистед!
(Ҷумлаи эзоҳшуда ба ояти 59-уми сураи “Йосин” ва ба ояти 24-уми сураи “Соффот” шабоҳат дорад. Муаллиф). Чун онҳо аз мақоми муъминҳо як сӯ меистанд, Худованд аз ҳар кадоми онҳо чудогона савол мекунад. Масалан, аз бутпарастон савол мешавад, ки ба чӣ сабаб бутҳоро шарики Худо ҳисобидеду бутпараст шудед? Аз маъбудон (бутҳо) пурсида мешавад, ки бо кадом сабаб шумо мавриди ибодати онҳо қарор гирифтед? Дар ин ҳангом он бутҳое, ки бутпарастон бо дасти худашон сохта буданд, дар сухан даромада мегӯянд, ки акнун моро Худо дар сухан даровард, вақто ки шумо моро сохтеду мо як ҷисми беҷон будем, чаро моро дар рӯбарӯйи худ ниҳода ибодат кардед? Оё мо шуморо амр кардем, ки мо худои шумо ё шарики Худо ҳастем ва моро ибодат кунед? Шумо моро напарастидед, балки шайтон шуморо гумроҳ сохт. Ҳавову ҳавас ва ваҳму хаёли худро парастидед. Охир ибодат чизеро мегӯянд, ки онро Худованд амр карда бошад. Худованд шуморо ба ин гуна ибодат амр накардааст-ку? Чаро ба хоҳишоти нафсҳоятон дода шудед? Ояти зер ин мазмунро таъкид мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «